Санҷиши ширкатҳои сохтмонӣ баъди ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар Русия

Додситонии Санкт-Петербурги Русия алайҳи масъулини сохтумоне, ки як шаҳрванди Тоҷикистон аз он афтида, ба ҳалокат расид, парванда боз кардааст.
Рӯзи 3 июн як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 8-и сохтмоне дар кӯчаи Жданови Петроград сарозер шуд. Баъдан Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, муҳоҷири фавтида Раҳмон Гулмуродов, сокини ноҳияи Ёвон будааст.
Додситонии Санкт-Петербург мегӯяд, дар пайи санҷиш маълум шудааст, ширкатҳои сохтумонии “НПФ “Тест”, “СРТ” ва “Норд фасад” барои кормандон дар иншооти мазкур шароити дуруст фароҳам накарда, онҳоро тарзи кор дар баландиҳоро наомӯзондаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар минтақаҳои хатарноки сохтмон, ки имкони афтидан мавҷуд аст, панҷараҳо насб нашуда, илова бар ин шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистон ресмони муҳофизатӣ надоштааст.
Дар пайи ин санҷиш муайян гардида, ки чоҳу чуқуриҳои дар майдони иншооти сохтумонибуда бидуни болопӯш будаанд: “Нисбат ба “НПФ “Тест”, “СРТ”, “Норд фасад” ва сарварони кулли онҳо парвандаи маъмурӣ боз шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |