«Вазъи муҳоҷирин ва мушкилоти онҳоро баррасӣ карда, ба сурати оҷил унвонии ниҳодҳои марбутаи Русия ва Тоҷикистон номаи дастаҷамъона ирсол кардан зарур аст».
Мӯъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷойизаи Давлатии СССР зимни изҳори ин матлаб гуфт, банда минҳайси як шаҳрванди оддии ин марзу бум ва намояндаи миллат аз таъсиси Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирони тоҷик ҷонибдорӣ мекунам. Онҳое, ки дар ғурбат ба сар мебаранд, ҷумлагӣ фарзандони мо ва ҳамин хоку обанд, ба тақдири онҳо бетарафӣ кардан нашояд. «Аз дастам ҳар агар коре омада бошад, дар хидмат ҳастам»,- мегӯяд устод Қаноат.
Маврид ба тазаккур аст, ки ба ҷуз аз рӯзноманигорон ва рӯшанфикрон афроди дигари саршиноси кишвар, амсоли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ҳунарпеша Ортиқи Қодир, рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова ва чандин нафари дигар аз иқдому талошҳои Гурӯҳи мазкур ҷонибдорӣ карданд.
Мӯҳр