Амният ва ташкили бонки СҲШ-дар меҳвари изҳороти Э.Раҳмон (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд масоили амниятӣ ва таъсиси бонки СҲШ-ро дар меҳвари суханрониҳояш қарор додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми июн дар Тошканд нахуст ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар теъдоди маҳдуд ҷараён гирифт, ки дар он роҳбарони аввали Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон иштирок карданд: “Дар ҷаласаи теъдоди васеъ бошад, ҳамчунин сарони давлатҳои нозир - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Белорус, Муғулистон ва намояндагони воломақоми як зумра созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ ҳамроҳ шуданд. Ба кишварони шарики муколама Туркия, Шри-Ланка, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Непал, Камбоҷа ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шомил мебошанд”.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш тақвияти муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақаву ҷаҳон ва тезонидани раванди таъсиси Бонк ва Фонди рушди Созмони ҳамкории Шанхайро таъкид кардааст. Ӯ ҳамчунин ҳавасмандӣ барои таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии дорои аҳамияти минтақавиро баён кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин ҷонибдории Тоҷикистонро барои ҳар чи зудтар қабул шудани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризми байналхалқӣ баён доштааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар ҷаласаи Тошканд Покистону Ҳиндустон ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай қабул шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |