Ҳукумат ба “Тоҷиксуғурта”: Селзадаҳоро ба суғуртадору бесуғурта ҷудо накунед (ВИДЕО)
Ҳукумати Тоҷикистон ширкати “Тоҷиксуғурта”-ро вазифадор кардааст, ки сарфи назар аз доштани шартномаи суғурта ба ҳамаи селзадаҳои ноҳияи Рӯдакӣ кӯмаки яквақтаина расонад.
Тибқи қарори ҳукумат, ки дастраси “Озодагон” шуд, “Тоҷиксуғурта” бояд ба оилаҳое, ки аз обхезию сели рӯзҳои 12-14-уми май дар ноҳияи Рӯдакӣ пурра зарар дидаанд, 2 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки қисман зарар дидаанд 500 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт кунад.
Муқаррар шудааст, ки пардохтҳо аз рӯи феҳрасти таҳиякардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъмин гардад. Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода эълон карда буд, ки дар пайи селу обхезиҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 2500 хона зарар дид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |