Шӯрои уламо дар бораи рӯзаи онҳое, ки саҳар дар хоб мемонанд
Шурои уламои Тоҷикистон ба суоли Фариддун, як муҳоҷири тоҷик, ки бисёри рӯзҳо вақти саҳархӯрӣ дар хоб мемонад, дар мавриди иҷобати рӯзааш посух додааст.
Фариддун, як муҳоҷири тоҷик изҳор доштааст, ки дар Русия кор мекунад: “Рӯзҳои ин ҷо хело дарозанд, соати 2 саҳархӯрӣ, соати 10:30 ифтор. Мо баъзе вақтҳо барои саҳархӯрӣ хеста наметавонем, аз хоб мехезем, ки вақти саҳархӯрӣ гузаштааст. Оё мо метавонем ҳамон рӯз рӯзаро нахӯрда дорем? Бо далел ҷавоб диҳед”.
Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки дар саҳархӯрӣ баракат аст, зеро ташнагӣ ва гуруснагӣ рӯзадорро то охири рӯз ба ташвиш намеорад: “Аммо агар дар натиҷаи фаромӯшӣ ё дар хоб мондан саҳархӯрӣ накардед, нияти рӯза карда, то ғуруби офтоб рӯза доред”.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки агарчӣ рӯзҳо дар моҳи Рамазон дароз ҳам бошанд, рӯзадор вазифадор аст, ки рӯзаро то ғуруби офтоб риоя намуда, ба поён расонад. Шӯрои уламо сураи «Бақара», ояти 185-ро далел овардааст, ки Худованд дар он мефармояд: «Пас аз он рӯзаро то шаб тамом кунед».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |