Ирсоли парвандаҳои “Бандаи ГТА” ба суди Маскав ва Тоҷикистон
Додситонии кулли Русия парвандаии пурсарусадои “Бандаи ГТА” –ро, ки дар куштори дастикам 17 нафар дар шоҳроҳҳои Маскаву назди он муттаҳам мешаванд, ба додгоҳ фиристод.
Тибқи иттилоияи Додситонии кулли Русия парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҳазратхон Додохонов, Холиқ Субҳнов, Анвара Улуғмуродов, Фазлидин Ҳасанов, Шероздҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарипов, Умар Ҳасанов ва ду шаҳрванди Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонову Зафарҷон Ғуломов ба додгоҳи вилояти Маскав фиристода шуд.
Манбаъ мегӯяд парвандаи ҷиноӣ алайҳи Боҳир Ғуломов, “раҳбари идеологӣ”-и “Бандаи ГТА” ва як нафари дигар, ки аз суи мақомоти тоҷик боздошт шудаанд, ба Тоҷикистон ирсол гардид.
Додситонии Русия ин гуруҳи ҷиноиро, ки бештар аз зодагони Осиёи Марказӣ иборат аст, дар бандитизм, куштор, роҳзанӣ, истеҳсол ва доштани силоҳи ғайриқонунӣ айбдор мекунад.
Мақомоти тоҷик моҳи ноябри соли гузашта Боҳир Ғуломов “раҳбари идеологӣ”- ин гуруҳро дар Тоҷикистон боздошт карда буданд. Ғуломов аз пайравони “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва таҳсилдидаи кишварҳои исломӣ муаррифӣ мешавад, ки қаблан гуфта мешуд, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Покистон фирор кардааст.
Дар доираи ин қазия додгоҳи ноҳияи Коптевски Маскав моҳи марти соли гузашта Илҳом Исҳоқов, шаҳрванди солхӯрдаи Тоҷикистонро барои додани манзил ба аъзои гуруҳи ҷиноии маъруф ба “Бандаи ГТА”, ба як солу як моҳи зиндон маҳкум кард.
Аъзои Гуруҳи ГТА моҳи ноябри соли 2014 боздошт шуданд. Мақомоти Русия эълон карда буданд, ки аксари аъзои ин гуруҳ зодагони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон буда, роҳбари асосии он Рустам Усмонов дар амалиёти боздошт, кушта шуд. Ба иттилои мақомоти Русия айни ҳол як аъзои дигари ин гуруҳ дар пайгарди қонунӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |