Бахшҳо

Дилбар Гургова аз ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим манзил мехоҳад

Дилбар Гургова, ҳамсари Амрулло Нуров, ки бо иттиҳоми узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим 23 сол равонаи зиндон шуд, хоҳиш дорад, аз ҳисоби амволи собиқ муовини вазири мудофиа барояш хона бидиҳанд.

Ҳукми Додгоҳи олӣ нисбати Амрулло Нуров ва чанд муттаҳами дигар дар узвият ба гуруҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) 10 июн эълон шудааст. Хонум Гургова мегӯяд, ӯ ва вакили дифои шавҳараш ба ин мурофиа даъват нашудаанд.

Ба иддаои Дилбар Гургова ҳамсараш ронандаи Садриддин Неъматов, сардори қисми низомие дар Шаҳритӯс буд ва аслан Ҳоҷӣ Ҳалимро намешинохт. Додгоҳи олӣ ахиран Садриддин Неъматовро ба ҳабси абад маҳкум кардааст. “Шавҳарам танҳо Садриддин Неъматовро мешинохт ва бо Ҳоҷӣ Ҳалим умуман ошно набуд. Мегӯянд, Неъматов бо Ҳоҷӣ Ҳалим рафту омад доштааст”.

Дилбар Гургова мегӯяд, бо фарзандонаш дар шароити вазнин зиндагӣ доранд ва хоҳиш дорад, давлат аз ҳисоби молу мулки Ҳоҷӣ Ҳалим барояш манзил бидиҳад: “Шавҳари ман барои Ҳоҷӣ Ҳалим шуда, 23 сол равонаи зиндон гашт. Дар телевизион дидем, ки ӯ чӣ қадар молу мулк доштааст, бигзор давлат аз ҳисоби дороии вай бароям як хона диҳад. Ман дар як хобгоҳ иҷорашин буда, ҳар моҳ 485 сомонӣ месупорам, дар ҳоле ки дар як рӯз ҳамагӣ 5 сомонӣ даромад дорам”.

Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим то воқеаҳои сентябри соли 2015 муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон буд. Мақомоти тоҷик ӯро дар талоши табадуллоти давлатӣ муҷрим шинохтанд. Дар пайи даргирӣ миёни неруҳои давлатӣ ва пайравони Ҳоҷӣ Ҳалим 17 низомӣ 25 аъзои гуруҳи вай кушта шуданд. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ Абдуҳалим Назарзода ва чанд ҳамаслаки вай рӯзи 16 сентябри соли 2015 дар дараи Ромит “безарар гардонда шуданд”.

Ба дунбол садҳо нафар бо иттиҳоми узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуданд.
Мӯҳр
Ээээ неки ин занак гузаронд. Гургова нашуду бало шуд. Хар руз дар сахифаи аввал меиста. Мегуй мохиии тиллоира капида боша. Имруз хона... пагох мошин..... дигар руз вазифа талаб мекуна аз давлат.

Шағол
Гург ако дуруст мегутон. Ҳамин занака худаш фардо боз талаб мекунад, ки шуяма қапондед, яку якта шуи дигар манба ёбетон мегуд. Тавба, тавба..

Саид, Точикистон
Рости гап кандота бзан вакте, шофери Хочи Халими муттахам буд ин занак кор надошт чи номакул карда мегардад шавхараш, акнун ки хабс кардан хама чия талаб дорад, гуё шавхарша мачбур шофёр карда бошад ин Хочи. Хахахаха

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)