Анвар Юнусов ҳам ба Рио-де-Жанейро меравад
Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик чорумин роҳхати Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейроро миёни варзишгарони кишвар ба даст овад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Юнусов дар мусобиқоти ҷаҳонии бокс, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон идома дорад, ба даври ниманиҳойӣ роҳ ёфт. Ӯ дар даври чорякниҳойӣ ҳарифи туркаш Волкан Гоксекро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд. Ҳоло новобаста аз натиҷаи рақобати даври ниманиҳойӣ, ки шоми имрӯз, 24 июн баргузор мешавад, ӯ соҳиби роҳхати олимпӣ хоҳад шуд. Рақиби Анвар Юнусов варзишгари чинои Ҷун Шан мебошад.
Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, намояндаи дигари Тоҷикистон Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кило баъди ду пирӯзӣ бар ҳарифони даниягӣ ва баҳрайниаш аз намояндаи Ҳиндустон Кумар Маноҷ шикаст хӯрд, аммо агар ин варзишгари ҳинд дар марҳалаи нимниҳоӣ ғолиби мусобиқа гардад, имкон дорад, Шавкатҷон ҳам ҳаққи иштирок дар олимпиадаро пайдо кунад.
Тибқи муқаррарот, муштзанҳое, ки дар вазнҳои то 60 ва 64 кило то мақоми 5-ум мерасанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |