Ҷаҳонгир Ҷалилов аз хатми “карера”-аш хабар дод
Ҷаҳонгир Ҷалилов, ҳимоятгари тими миллӣ ва дастаи “Истқлол”-и Душанбе эълон кардааст, дидор бо дастаи “Локомотив” охирин бозиаш хоҳад буд.
Торномаи бошгоҳи “Истиқлол” мегӯяд, ин футболбози 28-сола изҳор дошта, ки мехоҳад ба “карерааш” хотима бахшад. Ҷаҳонгир Ҷалилов сабаби ин тасмимро ба вазъи саломатиаш рабт дода, гуфтааст: “Ман дастоварди бузург доштам, аммо бо сабаби саломатӣ наметавонам дар майдони футбол бошам. Ба ҳамаи мухлисон, ҳамкорон ва мураббиён изҳори ташаккур мекунам”.
Бозии тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикситон бо тими “Локомотив”-и Маскав, қаҳрамони дукаратаи Русия 26 июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар назар аст, Игор Черевченко, зодаи Тоҷикистон ва сармураббии тими “Локомотив” барои ин рақобати дӯстона беҳтарин бозигаронашро ба Душанбе биорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |