14 сол ҳабси наворбардори тоҷики "Ҷабҳату-н-Нусра"
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Абдулло Юсуфов, як сокини 22-солаи шаҳри Душанберо дар узвият ба гуруҳи террористии "Ҷабҳату-н-Нусра" муҷрим шинохта, 14 сол равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилои додгоҳ, ин ҷавон, ки донишҷӯи соли сеюми факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст, як муддат дар созмони "Ҷабҳату-н-Нусра" дар Сурия ба ҳайси наворбардор фаъолият кардааст. Манбаъ мегӯяд, Юсуфов баъди шомили "Ҷабҳату-н-Нусра" шудан, бо супориши яке аз саркардаҳои ин созмон ҳамчун наворбардор тарзи будубош ва нигоҳдории зиндониёнро дар шаҳрҳои Ҳалаб, Латакия, Хомс, Идлиб ва чандеи дигар, ки зери тассаруфи ин гуруҳи террористӣ будаанд, наворбардорӣ намудааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, дар мурофиаҳои судӣ муайян шуд, ки Абдулло шурӯъ аз моҳи марти соли 2015 дар шабакаи интернетии "Одноклассники" саҳифаи худро созмон дода, бо нафаре бо номи Абу Дирар, ки шахсияташ муайян нашудааст, шиносоӣ пайдо мекунад ва даъвати ӯро барои ҷиҳод дар Сурия мепазирад. Тибқи иттилои додгоҳ, маҳкумшуда 16 июни соли гузашта, пинҳонӣ аз аъзои оила аз Душанбе ба шаҳри Алма-Атои Қазоқистон, баъдан ба шаҳри Киеви Украина парвоз намуда, 17 июни соли 2015 бо хатсайри "Киев-Истанбул" ба Туркия парвоз мекунад.
Ба хабари манбаъ, 24 июни соли сипаришуда ин ҷавони тоҷик ҳамроҳи ду ҷавонони чечен тавассути мошин ба шаҳри Газиантепи Туркия рафта, аз онҷо ба шаҳри Латакия ва пасон ба шахри Ҳалаби Сурия рафта, маҳз ҳаминҷо ба ташкилоти "Ҷабҳату-н-Нусра" мепайванданд. Додгоҳ меафзояд, онҳо таълимоти ҳарбиро гузашта, истифодаи силоҳҳои оташфишони гуногунро омӯхтаанд: “Сипас бо супориши яке аз саркардагони ташкилоти зикршуда ҳамчун наворбардор тарзи будубош ва нигоҳдории зиндониёнро дар шаҳрҳои Ҳалаб, Латакия, Хомс, Идлиб ва дигар шаҳрҳои таҳти тассаруфи гуруҳи террористии номбурда қарордошта наворбардорӣ намудааст. Ҳангоми дар ташкилоти экстремистй-террористии "Ҷабҳату-н-Нусра" буданаш ӯ пайваста тавассути сомонаи интернетии "Вотсап" бо апааш Зайнаббибии Шералӣ суҳбат намуда, дар рафти он иброз намудааст, ки "дар беҳтарин сарзамин қарор дошта, аз ягон чиз камбудӣ надорад ва агар кормандони амният ӯро пурсон шаванд, гӯяд, ки дар хонаи хусураш қарор дорад".
Тибқи иттилои додгоҳ, Абдулло Юсуфов то охирҳои моҳи январи соли 2016 дар ташкилоти "Ҷабҳату-н-Нусра" дар Сурия фаъолият намуда, аввалҳои моҳи феврали соли равон, дар пайи пурзӯр гардидани амалиёти зиддитеррористии неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар ҳудуди Сурия ва зиёд шудани шумораи бомбаборонкунии ҷойҳои будубоши террористон, аз тарси он ки ба халокат мерасад, аз Сурия фирор намуда, ба Тоҷикистон баргаштааст: “9 феврали соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ин ҷавон боздошт гардид”.
Манбаъ мегуяд, ӯ тибқи моддаи 401, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноӣ ва дастрасии моддаҳои 332, 333, 334-335, 338, 339, 341-344, 347, 348-и Кодекси мурофиавӣ 14 сол аз озодӣ маҳрум шуда, ин муҳлатро дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт пушти сар мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |