Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин мақсад гузоштаанд, ки гардиши мол миёни ду кишвар то 3 миллиард доллар расонда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23-юми июн дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷинпин зикр шудааст, ки ки гардиши мол байни ду кишвар дар семоҳаи аввали соли 2016 беш аз 200 миллион долларро ташкил додааст. Ҷонибҳо изҳори умед кардаанд, ки бо талошҳои якҷоя мумкин аст, ин нишондод то соли 2020 то ба 3 миллиард доллар расонда шавад.
Манбаъ афзуд, ки дарёфти роҳҳои маблағгузории сохтмону таҷдиди шоҳроҳи Душанбе - Кулоб - Хоруғ - Кулма – Қошғар, маблағгузории лоиҳаҳои нави бунёди хатҳои нави интиқоли барқ ва дигар тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба буд.
Дар ин вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиди хатарҳои замони муосир ва дарёфти роҳҳои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзада баррасӣ шудааст.
Азми сарони ду кишвар барои то се миллиард доллар расондани ҳаҷми додугирифти мол дар ҳолест, ки омори Чину Тоҷикистон дар бораи гардиши мол ба маротиб фарқ мекунад.
Соли гузашта Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки ба суоли “Озодагон” дар ин бора гуфт, ки воқеан “ман ба наздикӣ дар Хитой будам, ба ман ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки дар 5 моҳ ба Тоҷикистон аз Хитой ба маблағи 257 миллион доллар бор интиқол дода шудааст. Аммо аз сарҳади Тоҷикистон бор ба маблағи 132 миллион доллар гузаштааст”.
Ӯ дар шарҳи “гум” шудани бор ба арзиши садҳои миллион доллар дар гумруки Тоҷикистон гуфт, аз Хитой бор бо як ҳуҷҷат меояд, аммо дар сарҳади Тоҷикистон ба хотири кам нишон додани арзиши мол ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд.
Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, маҳз дар пайи ҳамин гуна сохтакориҳо бархе кормандони гумрук соҳиби хонаю мошинҳои боҳашамат мешавад: “Аз ин сохтакорӣ ҳам тоҷир манфиатдор асту ҳам корманди гумрук. Фоидаро байни ҳам тақсим мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |