Бахшҳо

Даргузашти нахустин зани академики тоҷик дар пайи фишорбаландӣ

Хуршеда Отахонова, нахустин зани академики Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, узви пайвастаи Академияи илмҳо имрӯз, 23 июн дар синни 84-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора ба “Озодагон” Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ӯ аз бемории фишори хун даргузашааст. Марҳум зуҳри имрӯз дар мазори Сари Осиё ба хок супурда шуд.

Хуршеда Отахонова адабиётшинос ва мунаққиди шинохтаи тоҷик буда, даргузашташ талафоти бузурге дар илми филологияи тоҷик мебошад.

Хуршеда Отахонова 2 сентябри соли 1932 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 1948-1953 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Марҳум аз унвонҳои оддӣ то ба дараҷаи академикӣ расида, солҳои 1953-1954 ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», 1953-1954 аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, 1957-1964 корманди хурди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва солҳои 1964-1971 ба ҳайси ходими калони илмии шуъбаи адабиёти советии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор кардааст. Хуршеда Отахонова соли 1968 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва соли 1991 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардидааст. Соли 1994 ба ӯ унвони фахрии «Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шудааст.
Мӯҳр
Гунг.Метро.
Чояш чаннат бодо ин модарро,хизматхои хуб кардааст барои миллат.Боз ин рахматии муаллимаи академик хам адабиетшинос.Хамаи академику профессорхову докторхои миллати мо магар танхо адабиетшиносу забоншиносу таьрихчианд.Кадомеашро мешиносем,адабиетшинос,боз медонем,забоншинос,боз бохабар мешавем филолог,боз интизор мешавем профессор е академики таьрих.Кай рузе расем,ки як профессори сохаи тиб барояд,ки касалии саратону фишори хуну асабу дилро бо рисолахои илмии тиббиаш пешгири кунаду академик шавад.Кай он руз мерасад,ки ягон точик чи навь тайер кардани газро намоиш дихаду академики сохаи нафту газ шавад.Ягон олиме мебаромада бошад,ки аз тобиши санги осиеб барк истехсол кунад?Е олиме пайдотшавад,ки донахои гандумро мисли донахои ангур ба парваришу истехсол монад?Холо баьдтар боз вомехурем,ки ягон аспирант е донишчуи филологияро тамом карда,дар бораи тарчумаи холи ин рахматии академикзани точик менависад...боз вай мешавад ..академик.Баьд чи? Баьд дигарон вайро академик муаррифи мекунанду шахси адибу зиеи..боз даьвову талаб месозанд,ки ба ин академик мири шахр манзил чудо кунад..Душанбе пур аз шоиру нависандаву журналисту доктору профессору академик...вале мо хамон хастему хамон мемонем.Берун аз Душанбе!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)