Бахшҳо

Ёқуб Салим: Атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” изҳороти Ёқуб Салим, собиқ вазири умури дохилӣ ва қумандони Фронти халқиро, ба муносибати ҷашни Ваҳдат нашр кардааст.

Ёқуб Салим, ки 21-уми июн аз зиндон раҳо шуд дар изҳороташ аз аҳамияти Истиқлолият, Ваҳдат ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон зикр карда, аз зиёиён гила намудааст, ки дар рӯзҳои вазнин натавонистанд пешоҳанги миллат ва мардуми Тоҷикистон бошанд, бозичае дар дасти гурӯҳҳо, ҳизбҳо, мазҳабиён, ифротгароён ва давлатҳои манфиатдор шуданд. Ӯ иддаоро дар мавриди он, ки “мо бозичаи дасти дигарон шудем” ғалат хонда, афзудааст, ки “мо ба хотири мансаб, манфиатҳои иқтисодӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ бозичаи дасти худамон гаштем”.

“Озодагон” изҳороти Ёқуб Салимро бидуни тағйир пешниҳоди хонандагон мекунад:

Ҳамватанон, мардуми шарифи Тоҷикистон! Ҳеҷ неъмате муқаддастар аз осудагӣ, оромӣ, Ваҳдат ва якпорчагии миллату давлат нест. Мо ҳазор сол баъд аз суқути давлати Сомониён машаққати бедавлатӣ кашидем, миллати мо ғуломи ҳалқабаргӯши ғосибони мулкамон буд.

-Ба шарофати Истиқлолият мо соҳиби давлати миллӣ шудем, вале Истиқлолияти моро хостанд оғӯштаи хуну хок созанд. То андозае чунин ҳам карданд. Тоҷикистони азизамон дар марзи парокандагӣ қарор дошт, мехостанд онро қисмат кунанд. Сездаҳ сол дар ғурфаи танг, пушти панҷара ҳамеша фикр мекардам, сари ғалатҳо, кардаҳо, каҷравиҳо андеша мерондам. Дуруст аст, ки интихоби худро мо аллакай соли 1992 карда будем. Ин интихоб сари шахсияте, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ ва маҳбубият дорад –абармард, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Ин роҳи дурусте буд, ки он вақт мо ба он қадам гузоштем. Тӯли 25 сол ӯ тавонист қадам ба қадам, зина ба зина миллати парешонгаштаро ба ҳам оварад, давлатеро, ки тифли навзодро мемонд, ба марди баркамолу тавоно табдил диҳад. Мардуми мо бояд бо чунин абармард ифтихор кунанд. Имрӯз Пешвои миллат ва мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи дурустро пеш гирифтанд. Ин роҳи Ваҳдат аст. Ва ин иди Ваҳдатро ман ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.

Ман шоҳиди рӯзҳои вазнини ба сари миллатомада будам. Дигар дидани гиряи ба фалак печидаи модарон, дар сӯги ҳамсар либоси мотам ба бар кардани занон, дар ҳасрати дидори падар ҳалқа задани об дар чашмони тифлонро дидан намехоҳам. Намехоҳам бубинам, ки давлати ман дастнигари давлатҳои дигар бошад ва ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ боз ғӯтта бар хуну хок занем. Ман, ҳарчанд дар паси панҷара будам, вале чашм аз хондани рӯзномаҳо накандаам, огаҳӣ аз вазъи ҷаҳон доштам. Абрҳо ҳанӯз ҳам мехоҳанд осмони софи кишвари моро ғуборолуд созанд. Вале мо акнун роҳҳои парешон кардани ин абрҳоро медонем. Ин ҳам бошад, аз ангуштони парешон ба бор авардани мушти қавист, ки номи он Ваҳдат мебошад. Меҳвари ин Ваҳдат бояд миллат ва Пешвои он бошад.

Ман дар ин рӯзи муқаддас ба зиёиёни кишвар рӯй меорам. Онҳо дар рӯзҳои вазнин натавонистанд пешоҳанги миллат ва мардуми Тоҷикистон бошанд, бозичае дар дасти гурӯҳҳо, ҳизбҳо, мазҳабиён, ифротгароён ва давлатҳои манфиатдор шуданд. Ҳоло ҳам ба гӯш мерасад, ки мегӯянд: “Мо бозичаи дасти дигарон шудем”. Ин ғалат аст. Мо ба хотири мансаб, манфиатҳои иқтисодӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ бозичаи дасти худамон гаштем.

Моро тақсим кардан мехостанд ва ин кӯшишҳо имрӯз ҳам ҷой доранд. Ба ёд оред сухани Юлиё Сезарро, ки 2,5 ҳазор сол пеш гуфта буд: “Ҷудоӣ андоз ва ҳукмронӣ кун”. Миллати оқил ҳаргиз гирифтори доми фиреби дигарон намегардад. Мо бояд дар гуфтор ва кирдори худ аз ақл кор гирем. Ақле, ки моро барои расидан ба орзуҳои миллиамон мерасонад.

Ман ҳамчун шахсе сухан мегӯям, ки дар рӯзҳои вазнин дар паҳлуи мардуми ҷафокашидаам қарор дорам. Агар Худованд насиб дида бошад, умед дорам то нафаси охирин дар паҳлуи он бошам. Аз ин дидгоҳ назар меандозам ва ба мардуми азизам муроҷиат мекунам:

-Ба қадри миллат ва давлати озодамон бирасем, дигар ба ҷудоиандозӣ роҳ надиҳем, даст ба кор бошем, кишварамонро чун модарамон дӯст дорем ва ба хотири пешрафти он дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем.
Мӯҳр
Аввало озодиро ба ин марди бузург табрик мегӯям!
Баъдан дуруст гуфтанд ки миллат бояд атрофи як шахс муттаҳид бошад, касе дар ин бора шак надорад. Фақат мушкилӣ дар он аст ки атрофи пешвои миллатро чоплусу косалесон иҳота кардаанд ки барои курсиву мансаби худошон пешворо дар чашми халқ паст мекунанд.
Яке аз ин "иқдомҳояшон" қонун дар бораи пешвои миллат аст ки ба он ҳоҷҷате набуд.
Ҳайҳот, онҳо фаромӯш кардаанд ки дар Мисру Либия чӣ гузашт, ё чашмашон нарасид ба Қирғизистони ҳамсоя то назари дурусттаре дошта бошанд. Намедонанд ки дар он рӯзи "мабодо" маҳз ҳамин депутатҳо аввалин коре ки мекунанд ин қонунро бекор мекунанд. Наход ҷоҳу ҷалол дили онҳоро он қадар бурдааст ки ақлашон тира гаштааст?

Озодагон, чоп кунед.

Душанбешахр
Бовар кунад акаи Ёкубро кариб ки багайр аз маълумотхои мачаллаву газетахо намешиносам вале то хол аз забони хеч мансабдорони Точиикистон ин хел суханон аз тахти дил нисбат ба Ватан - Модар..... нашунидаам.

Чавонмардиро дар тюрма фаромуш карда бошад ки инкадар тарифу тавсиф дорад ? дигар чавонмард намондааст да Тчк1!

ыв
Хуб мебуд умуман изхорот намедод.

Ин изхороти худаш нест ва онро ба Ёкуб Салимов доданд ва ё "диктовать" кардаанд.

Гунг.Метро.
Касе фахмонда метавонад,ки хамин шахс дар Кулоб зиндаги мекард,е дар Кургонтеппа,е дар шахри Душанбе,е дар Хисор? Аслан ин чи чабр дид,ки хесту кумондон шуд? Бисер вохимахо мекарданду овозахо,ки рэкет буду муштзану авбош,пас ин чи хел марди хакики будаасту ин калар акнун ба таьрифаш гузаштед?

Дустон хамон тавре ки Екуб Салимов гуфт аз аклатон истифода бибаред, худованд барои хар як бандааш аклу фаросат додааст, пас адолатро бо аклатон бишносед на аз гуфтаи дигарон. Дар назди вичдонатон мард бошед, дар калбатон чавонмард бошед.Дар амалатон мардона рафтор кунед. Гуфтаанд инсон метавонад барои начот аз зулми золимон дуруг бигуяд, вале дар амал адолатпеша бошад. Хар яки мо намедонем пушти панчара ин мард чи кашида. Инро танхо худаш медонаду худованд. Бехтар мебуд, ин изхоротро рузнома чоп намекард, бигзор дар хотири мардум Екуб Салимов хамон марде бо мардонагиаш боки мемонд.

Кӯҳистони Масчоҳ
Аввал озодиро ба ин мард муборак мегӯям, баъдан гуфтаниям, ки о наход, ки 13 сол зиндонӣ шавӣ!! бо дар ҷое, ки бояд 5 сол нигоҳдорӣ шави 13 ҳа албатта мутаҳид мешавем, акаи Ёқуб дар ҳаҷри Юсуф, Яъқуб сӯхт! анакнун дар ин вақт мо дар ҳаҷри Ёқуб

точикистони нав
ин бечораро бехуда озод накардаанд

-Ба шарофати Истиқлолият мо соҳиби давлати миллӣ шудем,????

БО ШАРОФАТИ САДРИДДИН АЙНИ, БОБОЧОН ГАФУРОВ, МО ЯК ДАВЛАТИ ТОЧИКИСТОН ШУДЕМ !!!

Акаи Ёқуб ҳамаи гуфтахот тӯғри. Агар инхел таъриф накунед намешавад. Ё таъриф мекунед ё 13 соли дигар пушти панҷара меравед.

факир
бечораро то сахар хонондаанд.хайф

Ёкуб Салим марди майдон ва лащкаркаши замони худ буд ба мардонагии у шубха нест. Аз А то Я дар зиндон нишаст. Изхороташ зарур аст. Андешахояш саривакти ва нуктасанчона оварда шудаанд. Хулосааи бароварда ва фалсафаи зиндагониаш аз мавкеи устувораш нисбат ба Ватани азизамон Точикистон дарак медиханд. Афсус, ки махбас уро хеле зудудаву кухансол намудааст. Худованд дар хакикат моро акл дихад! Боки хама саломат бошед!

мехмон
Гунг.Метро.,
Ин шахс аз Точикистон хаст. Фаркаш чи кулоби хаст ё хисори ?

Махмуд
Дар хамон "гурӯҳҳо, ҳизбҳо, мазҳабиён, ифротгароён ва давлатҳои манфиатдор " гуфтагиатон низ рохбаронашон зиёи буданд на мардуми дехкону захмати?!! Агар хакикатро гуем зиеиро касе он вакт шинохтану гуш кардан хам намехост!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Заъифии миллатро бегонагон истифода бурданду чанг андохтанд. Хеч мардуми минтакахои точикистон айб надоштанд. Дар газета сухбати Командирони рус ва харакаташонро аз хоки Узбекистон нахондЕД?.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)