Пешнависи қатънома аз аъзои Маҷмаи умумии СММ тақозо менамояд, ки «тавтиаи террори сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико»-ро маҳкум намоянд.
Абдулмуҳсин Илёс- сухангўи Шоҳигарӣ дар СММ гуфтааст, ки аъзои Маҷмаи умумӣ рўзи ҷумъа ба ин пешнависи қатънома овоз хоҳанд дод.
Мақомоти амрикоӣ моҳи гузашта иттилоъ дода буданд, ки тарҳеро ошкор карданд, ки ҳадафи он истифода бурдани як фидоӣ барои террори Одил ал-Ҷубайр – сафири Саудӣ дар Вашингтон мебошад. Мақомҳои амрикоӣ мегўянд, моҳи сентябр Мансур Арбобсайр – шаҳрванди эронитабори ИМА дар робита ба ин қазия дастгир шуда, нафари дуюми ин тарҳ дар пайгард қарор дорад. Зимнан, Ҷумҳурии Исломии Ирон иддаои ИМА-ро дар бораи даст доштани ниҳодҳои амниятии кишвараш дар ин қазия қотеъона рад мекунад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |