Ҷонибдории вакилон аз додани салоҳияти нав ба ҳукумат
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 22 июн бо қабули лоиҳаи тағйиру илова ба Кодекси шаҳрсозӣ, ба ҳукумати кишвар салоҳияти муайян намудани қоидаҳои нархгузорӣ дар корҳои сохтмониро доданд.
Ҷамшед Маҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ҳадафи лоиҳаи мазкурро ба танзим даровардани қоидаҳои муайян намудани меъёр ва нархномаҳои корҳои сохтмонӣ, сарфа намудани маблағҳои буҷавӣ, беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, ташаккули мехнизмҳои нави ҳамкорӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ унвон кард.
Ҷаноби Муҳаммадзода гуфт, имрӯз барои танзими системаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон, зарурати ҳамоҳангсозии вазорату идораҳои дахлдор вуҷуд дорад, зеро пешбурди сиёсати нархгузорӣ тавассути маълумоти дахлдор аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсолкунанда ва воридкунандаи масолеҳ амалӣ мегардад: “Тибқи моддаи 13-и Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон танзими низоми нархгузориро дар соҳаи шаҳрсозӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ амалӣ менамояд. Аммо мутаасифона мутобиқи Кодекси мазкур қоидаҳои муайян намудани наргузории корҳои сохтмонӣ дар салоҳияти ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ нагардидааст, ки ин ҳолат мушкилиҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад. Зеро меъёрҳои муайянгардида на дар ҳама ҳолат аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя ва иҷро мешаванд”.
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ иброз дошт, ҳолатҳое ҷой доранд, ки меъёру қоидаҳои нархгузорӣ аз тарафи мақомоти санҷишию тафтишотӣ мавриди тағйир қарор дода мешаванд ва бино бар ин пешниҳод шудааст, то минбаъд муайян намудани қойдаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ ба салоҳияти ҳукумат гузошта шавад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз қабули ин лоиҳа истиқбол намуда, таъкид кард, бо қабули ин санад баъзе ба гуфтаи ӯ духурагиҳо дар муайян намудани наргузории корҳои сохтмонӣ ва изофанависиҳо аз байн меравад: “Албатта, ки аз нархи корҳои сохмонӣ, нархи бино ё иншоотҳо вобастагии калон дорад. Ба салоҳияти ҳукумат додан дуруст буда, дар маҷӯъ ба фоидаи кор аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |