Порагирии полковник, раиси комиссияи тиббии Вазорати мудофиа
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон раиси комиссияи маркази тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаро бо иттиҳоми порагирӣ боздошт намудааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, полковники хизмати тиббӣ Шералӣ Сайдалиев барои бинобар беморӣ аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд "А" 2000 доллар пора талаб намудааст. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Сайдалиев барои ин кор, ки бевосита ба доираи ваколатҳои мансабии ӯ дохил мебошад, моҳи феврали соли равон 10 800 сомонӣ ва 600 доллар гирифта, 3300 сомонии боқимондаро боз талаб кардааст.
Манбаъ афзуд, ки Сайдалиев дар мавсими гузаштаи даъвати наваскарон ҳангоми гирифтани 3300 сомонӣ пора аз шаҳрванд "А" дар утоқи кориаш дастгир шуда, далели шайъӣ аз ӯ мусодира гардид.
Тибқи иттилои Оҷонсии зидди фасод феълан алайҳи Сайдалиев Шералӣ бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |