Боздошти ҳуқуқшиноси Раёсати тақсимоти манзили шаҳри Душанбе
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти Мирзоҳаёт Тағоев, ҳуқуқшиноси Раёсати ҳисоби хоҷагӣ-баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили ҳукумати шаҳри Душанбе бо иттиҳоми гирифтани пора хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, боздошти Тағоев дар пайи муроҷиати “З” сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқшинос барои ҳал намудани баҳси судӣ оид ба эътироф намудани ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ 2000 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ин шаҳрванд дар аризаи худ навиштааст, 5 апрели соли 2016 Тағоев 8000 сомониро гирифта, 1000 доллари дигарро талаб кардааст.
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як амалиёт Тағоев Мирзоҳаёт баъди гирифтани 1000 доллари амрикоӣ боздошт шуд: “Нисбати ӯ бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |