Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ ва Академияи илмҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарорҳои ҳукумат аввали моҳи равон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон тағйироти кадриро амалӣ кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Нуралӣ Саидзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон озод шуда, ба ҷои ӯ Абдукарим Абдуалимзода таъин шудааст. Инчунин бо қарори ҳукумат Абдуллоҳ Ҳакимзода аз мақоми сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаи сохтмони Кумита бо далели гузаштан ба кори дигар барканор шуда, ба ҷои ӯ Суҳроб Саъдуллозода таъин шуд.
Мақоми Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияия илмҳоро Файзалӣ Ҳакимов гирифтааст. Мирзораҳимов Акобир Каримович қаблан аз вазифаи Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академия озод ва ба вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда буд. Дар акс Нуралӣ Саидзода
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |