Ҷавони 22-сола дар куштори падараш муттаҳам мешавад
Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти як сокини ноҳияи Исфара бо иттиҳоми қатли падараш хабар медиҳад.
Аз ин ниҳод имрӯз ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки сокини 22-солаи ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара бар асари муноқишаи оилавӣ бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синаи падари 73-солаи худ зарба мезанад: “Дар натиҷа марди 73-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.
Манбаъ афзуд, феълан тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (одамкушӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |