Ҳабси муҳоҷири тоҷик, ки барои раҳойии маъшуқаи русаш “пора” додааст
Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург Эмомалӣ Сатторов, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро 1,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бино ба иттилои додситонии шаҳри Санкт-Петербург, Сатторов талош кардааст, бо пешниҳоди “пора” дӯстдухтараш -- Натали Григорчакро аз ҷавобгарӣ раҳонад.
Манбаъ мегӯяд, 3 феврали соли равон шаҳрванди Тоҷикистон ба корманди пулис 25 ҳазор рубл “пора” пешниҳод менамояд, то аз оғози парванда нисбат ба Григорчак даст бикашад. Аммо кормандони пулис ӯро боздошт кардаанд.
Натали Григорчак дар истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муттаҳам шуда, баъдан бо пардохти 5 ҳазор рубл ҷарима озод гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Кумитаи тафтишотии вилояти Воронеж тафтиши парвандаи ҷиноиро нисбати як марди 50-солаи тоҷикро ба анҷом расонд, ки дар пешниҳоди як миллион рубл пора ба афсари “ФСБ” барои сабук кардани ҷазои дӯсти боздоштшудааш муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |