Боздошти се ҷавондухтар бо иттиҳоми дуздии ҷавоҳирот
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, се сокини шаҳри Конибодом бо гумони дуздии ҷавоҳироти як сокини маҳаллӣ дастгир шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо ду ҷавондухтари 19-сола ва як навраси 17-сола ҳастанд, ки шаби 19 ба 20 июн ба таври пинҳонӣ вориди манзили як зани 43-солаи шаҳри Конибодом шуда, аз дохили ҷевон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро рабудаанд. Манбаъ мегӯяд, бино ба шикояти соҳибхона арзиши умумии амволи дуздидашуда 3800 сомониро ташкил медиҳад: “Нисбати далели мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |