Бахшҳо

Ю.Раҳмон: Ҳукми гумонбарони дар хориҷбуда, бе иштироки онҳо бароварда мешавад

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба кодекси мурофиаи ҷиноятӣ дар Маҷлиси намояндагон гуфт, минбаъд ҳукми гумонбарон дар ҷиноятҳои сангин, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, бидуни ҳузури онҳо бароварда мешавад.

Ӯ гуфт, агар нафари маҳкумшуда ба Тоҷикистон баргардад, ҳукмаш бозбинӣ хоҳад шуд. Ҷаноби Раҳмон таъкид намуд, чунин муқаррарот дар қонунҳои бештари кишварҳо мавҷуд аст.

Прокурори генералӣ ҳадафи тағйиру иловаҳо ба кодекси мурофиаи ҷиноятиро такмилу мутобиқсозии баъзе мухолифатҳо дар қонунгузории кишвар хонд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҷонибдорӣ аз тағйиру иловаҳо ба ин кодекс овоз доданд.
Мӯҳр
Безпоняяяять
Инро мегуянд беспредел высшего пилотажа. Бо ман мегум, ки чиба хама баромада рафтестай?

Ин хеле хуб аст. Локин шахсоне хастанд, ки нияти баргаштанро ба Точикистон надоранд. Пас онхо хамавакт дар озоди мемонанд? Чаро конуне кабул намешавад, ки барои баргардонидани баъзе шахсони чиноят карда, мусоидат кунад. Агар шахсе дорои шахрвандии ду кишварро дошта бошад, дар Точикистон чиноят содир мекунад ва мисол ба Россия мегурезад ва бо хамин макомоти Точикистон дасташ кутох мешавад. Чаро макомоти мо оиди баргардонидани чинояткорон кудрат надорад? Шахрванде бо номи Каримов Тохир Фарходович. 170 хазор долар маъоши коргаронро дуздида ба кишвари Россия гурехтааст ва гарчанде ба у прокуратураи генералии Точикистон парванда боз кардаву дар кофтуков карор дорад, Россия мегуяд, ки у шахрванди Россия мебошад ва касе хак надорад уро боздошт кунад. Дар Точикистон низ шахрвандони Россия чиноятхои вазнин содир мекунанду, Россия омада онхоро ба кишвари худ бармегардонад, аммо дар Россия чи кадар шахрвандони мо дар махкама карор доранд? Ин аз сустии конун ва ноухдабароии кормандони макомоти мо далолат мекунад. Чаро шахрвандони Россия кадр доранду аз мо не? Бигзор конуне барояд, ки дасти макомотро пуркуват ва дароз гардонад ва гарна мардум аз макомот дилсард шуда ва бештар ба криминалхо мурочиат мекунанд ва хочатхои худро бо маблагхои калон бо онхо хал мекунанд, ки этикоти мардумро аз макомотхои кудрати мегардонад. Мо таи 2-сол аст, ки маблагхои дуздидашударо аз Каримов Т.Ф гирифта наметавонем ва у бо хузур дар Росия зиндаги ва фаъолият карда гаштааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)