Бахшҳо

Созиши нафтӣ: Газпром дар Тоҷикистон дахлнопазир шуд

Думаи давлатии Русия қарордоди содироти маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистонро, ки то ҳол муваққатӣ амал мекард, ба тасвиб расондааст.

Юрий Сентюрин, муовини вазири энергетикаи Русия 21-уми июн изҳор доштааст, ки ин созишнома дар як сол содироти то 1 миллион тон маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи гумрукиро пешбинӣ намудааст. Ин қарордод соли 2013 баста шуда, то ҳол муваққатан амал мекард. Сентюрин мегӯяд, “созишномаи мазкур аз ҷумлаи маҷмӯи санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Русия мебошад, ки шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва фаъолияту ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишварро дар қаламрави ҳамдигар кафолат медиҳанд”.

Ба гуфтаи муовини вазири энергетикаи Русия дар доираи созишнома ҳамасола то 1-уми октябр ҳаҷми маҳсулоти зарурӣ барои Тоҷикистон, ки бояд бидуни пардохти боҷи гумрукӣ содир шавад, муайян мегардад: “Ҳаҷми маҳсулоти нафтӣ, ки бе пардохти боҷи гумрукӣ имсол ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, 830 ҳазор тонна муайян шудааст”.

Тибқи ин созишнома Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки маводи сӯхти тариқи имтиёз гирифтаашро ба кишварҳои сеюм содир накунад. Дар созишнома омадааст, ки дар сурати ошкор шудани содироти сӯзишвории Русия ба кишвари сеюм, ҷониби Русия огоҳинома мефиристад ва давоми ду моҳ ҳақ дорад, созишномаро яктарафа қатъ кунад.

Инчунин қарордоди мазкур кафолат медиҳад, ки моликияти ширкатҳои Русияю Тоҷикистон, ки ба интиқоли сӯзишворӣ бидуни боҷи гумрукӣ машғуланд, дар қаламрави ҳамдигар дахлнопазир мебошанд. Моликияти ширкатҳои интиқолдиҳандаи сӯзишворӣ аз Русия, аз ҷумла “Газпром” таҳти ҳимояи ҳуқуқии ин санад қарор дошта, гирифтани амволи ширкатҳо мумкин нест.
Мӯҳр
Хоркаш
Ин шарти дахлнопазирияш боз чӣ? Чаро дар ин бора пештар намегуфтанд? Ё бензоколонкаҳои Газпромнефт ҳам иммунитети дипломатӣ гирифтанд? Афсару сарбозашон кам набуд ки боз мошину бензоколонкаҳоошон имунитет гиранд?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)