Анвар ва Шавкатҷон дар чорякниҳойии мусобиқаи бокси Боку
Ду муштзани тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии бокс, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон идома дорад, ба даври чорякниҳоӣ расиданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Анвар Юнусов дар вазни то 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар Эдгарас Скурделис (Литва) ва Алӣ Аҳмад (Покистон) бо ҳисоби якхелаи 3:0, рӯзи 21 июн дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Фардо, 23 июн Юнусов дар даври чорякниҳоӣ бо Волкан Гокек (Туркия) қувва меозмояд.
Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кило дар нахустин рақобат Енок Мвандила Поулсен (Дания)-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда, дар қисмати ҳаштякниҳоӣ Рошиелд Виллямс (Баҳрайн)-ро шикаст дод. Дар даври чорякниҳоӣ (23 июн) бо Кумар Маноҷ аз Ҳиндустон ба ринг мебарояд.
Муштзанҳое, ки дар вазнҳои то 60 ва 64 кило то мақоми 5-ум мерасанд, соҳибони роҳхати олимпӣ мешаванд.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи муштзании Боку ҳашт варзишгар намояндагӣ мекард, ки шаш нафари онҳо ноком шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |