$40 миллион қарз барои буҷаи Тоҷикистон

Дмитрий Панкин, роҳбари раёсати Бунёди АвруОсиёии Субот ва Рушд гуфтааст, ин ниҳоди молӣ барои ёрӣ ба буҷаи Тоҷикистон 40 миллион доллар қарз медиҳад.
Панкин дар суҳбат бо нашрияи "Известия"-и Русия гуфтааст, ин маблағ тавассути ду транши 20 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон дода мешавад. Ба иттилои ӯ, транши аввал дар наздиктарин фурсат ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд: “Ҳоло шароити иҷрои талаботҳоро баррасӣ мекунем. Агар ҳамаи масъалаҳои пешниҳодшуда ҳал шаванд, бахше аз маблағ супурда мешавад, чаро ки ин раванд ба сиёсати иқтисоди калон рабт мегирад”.
Дмитрий Панкин изҳор доштааст, Тоҷикистон бояд хеле аз мушкилиҳоро дар умури бонкӣ бартараф кунад. Ба таъкиди вай, “дар масъалаи буҷа моро беш аз ҳама теъдоди зиёди имтиёзҳо дар арсаи андоз нигарон мекунад, ки ба назари мо асосан соҳибкорони маҳаллӣ барои корҳои лоббигарӣ аз он истифода мебаранд, аммо барои иқтисоди кишвар ҳеч суде надоранд”.
Бунёди АвруОсиёии Субот ва Рушд соли 2009 бо маблағи 8,5 миллиард доллар аз сӯи кишварҳои Тоҷикисон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Арманистон роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи асосии он мусоидат ба таъмини устуворӣ ва тавсеаи иқтисодӣ ва молии кишварҳои аъзо гуфта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |