ИМА дар бораи маҳбуси Гуантанамо: Ӯ дар Тоҷикистон тамрин дида буд
Амрико бар ин аст ки Равил Мингазов, як маҳбуси рус, ки дар зиндони низомии Гуантанамо нигаҳдорӣ мешавад, замони дар Тоҷикистон буданаш “дар лагери Ҳаракати исломии Узбакистон тамрин дида”, баъдан ба Афғонистон рафтааст.
Равил Мингазов аз соли 2002 дар Гуантанамо нигаҳдорӣ мешавад. Торнамои Courthouse news service менависад, Мингазов ахиран дархост кардааст, ӯро ба маҳбаси дигар интиқол бидиҳанд.
Ин торнамо дар пайи ҷаласаи комиссияи байниидоравии маъмурияти Амрико бо такя ба як вакили дифои Равил хабар дода, “ИМА бар ин аст, Мингазов, ки ҳудуди 14 сол мешавад дар маҳбас аст, хизмати ҳарбӣ дар артиши Русияро тарк намуда, соли 2001 ба Ҳаракати исломии Узбакистон, ки бо “Ал Қоида” иртибот дорад, пайвастааст. Аммо ба фарзияи вакилони дифоъ бошад, зерҳимояи онҳо аз он ки дар артиш ба вай иҷозаи гузоштани намозро намедоданд, хеле нигарон буд. Дар натиҷа ӯ ба Тоҷикистон рафт, ки ҳамроҳи хонаводааш метавонист озодона ибодатҳои худро анҷом бидиҳад”.
Дар идомаи гуфта мешавад, “ИМА бар ин аст, дар Тоҷикистон Мингазов дар лагери Ҳаракати исломии Узбакистон тамрин дида, миёнаҳои соли 2001 ба Афғонистон меравад ва ба гуруҳҳои террористӣ мепайвандад”.
РИА Новости бо такя ба маълумоти марбут ба ин зиндонии Гуантанамо менависад, “Маҳбус RS-702 (зери ҳамин рақам Мингазов дар санадҳо зикр мешавад), эҳтимолан дар Афғонистон дар чанд лагер тарзи таҳияи маводи мунфаҷира, моддаҳои заҳрноку кимиёвиро аз худ кардааст”.
Дар ҳамин ҳол, Гэри Томпсон, яке аз вакилони дифоъ аз Мингазов шахси ором ва осоишта тавсиф кардааст, ки дар сурати раҳоӣ “ба касе зарар намерасонад”.
Ба гуфтаи Томпсон, “Мингазов таърих ва мушкилоти аққалиятҳои Русияро дар анҷом додани оинҳои динниашон хуб медонад”.
Ба иттилои Courthouse news service, мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Мингазов намехоҳад ба Русия баргардад.
Қарор аст, комиссияи байниидоравии маъмурияти Амрико давоми чанд моҳи оянда тасмими худро нисбат ба ин маҳбус эълом кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |