Муфаттишон: Курсанти тоҷик аз дасти ду ҳамватанаш кушта шуд
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, Саидшоҳ Исломов, курсанти 20-солаи тоҷик дар Иркутск аз дасти ду ҳамватанаш ба қатл расонда шудааст.
Карина Головочева, намояндаи раёсати минтақавии Кумитаи тафтишотии Русия бо пахши як иттилоия изҳор доштааст, ки курсанти тоҷик аз дасти ду ҳамватанаш шаби 12-уми июн кушта шудааст: “Муттаҳамон 17-уми июн дар Красноярск боздошт гардида, додгоҳ имрӯз, 21-уми июн қарори ҳабси пешакии онҳоро содир намудааст”.
Ба гуфтаи Головочева муноқиша миёни Саидшоҳ Исломов ва ду гумонбар ҳанӯз дар Тоҷикистон сар задааст ва куштор тибқи фарзияи пешакӣ дар пайи хусумати шахсӣ содир шудааст.
Инчунин расонаҳои Русия аз қавли дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотӣ хабар додаанд, ки муттаҳамон бо роҳи фиреб Исломовро ба наздикии ҷангал бурда дар назди як истгоҳ бо зарби корд куштаанд: “Онҳо сокини як шаҳр будаанд, аммо дар микрорайонҳои гуногун иқомат доштаанд. Миёни микрорайонҳояшон нофаҳмие будааст ва муттаҳамон бо кушташуда дар ин замина хусумати шахсӣ доштаанд”.
Қаблан манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар пайи як муноқиша ҳангоми ифтор дар шаҳри Иркутски Русия як курсанти 20-солаи тоҷик кушта шудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, кушташуда донишҷӯи соли дуввуми Институти Сибири Шимолии Вазорати корҳои дохилии Русия- Исломов Саидшоҳ Ҷумъахонович, сокини шаҳри Душанбе мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |