Бахшҳо

Ҳабси модари хиёнаткор ва ошиқи ӯ барои сӯиқасд ба ҷони навзодаш

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Марҷонаи Файзулло ва ошиқаш Нуралӣ Розиқов, сокинони ноҳияи Нурободро дар сӯиқасд ба ҷони духтари навзод гунаҳкор дониста, аввалиро ба 15 сол ва дуюмиро ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст.

Тавре аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, маҳкумшудагон тайи як сол бо ҳам муносибати маҳрамона доштаанд ва барои якҷо шудан бо маъшуқаш, Марҷона розӣ шудааст, духтари навзодашро кушад: “Рӯзи 21 декабри соли 2015, тахминан соати 16-00 дақиқа ҳангоми аз назди хонаи Марҷонаи Файзулло, воқеъ дар ноҳияи Нуробод гузаштани Розиқов Нуралӣ ба маъшуқааш ишора кардаст, ки ба ӯ занг занад. Марҷонаи Файзулло фаҳмидааст, ки шабона Розиқов ба хонаи истиқоматиаш меояд. Тахминан соати 18-00 дақиқа баъди он, ки шавҳараш Носиров ғизои шомро хӯрда, аз хона бадар мешавад, Марҷон Нуралиро дар хонааш қабул мекунад. Баъдан Розиқов ба ӯ мегуяд, ки шавҳарат туро нигоҳубин намекунад ва шарт гузоштааст, ки ӯро ба занӣ мегираду шароити зиндагиашро беҳтар менамояд, агар духтарчааш Мавзунаи 10-моҳаро аз ҳаёт маҳрум намояд”.

Тибқи иттилои Додситонии кул Марҷонаи Файзулло ба таклифи Розиқов розӣ шуда, ҳар ду аз рӯи маслиҳати пешакӣ Мавзунаи хурдсолро гирифта ба мавзеи ахлотпартои маҳаллаи Исмоили Сомонӣ бурда, дар ҳавои сарду барфӣ аз ҷарии баландиаш 17 метр ба поён партофтаанд: “Аз ин ҳолат ҳамсояҳо ва кормандони милитсия огоҳ шуда, дар натиҷаи кофтукоби якҷоя Мавзунаи хурдсолро тахминан баъди 2-3 соат дар ҳолати ногувор, аз болои буттаҳои марминҷони хордор ёфтаанд”.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи гирифтани ёрии тиббӣ Мавзуна аз марг наҷот ёфтааст.
Мӯҳр
Бояд якумра ё ба хукми катл махкумашон макардан

Нои

Суд бояд инҳоро ҳамчунин аз ҳаққи волидайни маҳрум мекард.
Озодагон, магар ин дар қарор суд нест?

Модар
Аз хондани чунин ходисахои нангин,ки обуруи модарро ба хок яксон мекунад аз модар будан шарми кас меояд.......Хамватанони азиз!!!!!Марчонаро на зан гуфтан мумкин ва на модар,хатто ба хайвонхам рабт додан мумкин нест,чунки хатто хайвон фарзандашро аз баланди намепартояд.Охир ин дахшат аст ба чунин занону модарон нафрат мехонам...наход барои нафсу нафосати шахвони ки ишку ошику номаш мебаранд зан-модар ва ё мард-падар ба чунин чохили даст мезананд,хайфи номи зан ва мард шавед беинсофхо!!!,............

Ин хел ходисахоро хонда чанд руз бе настроенный мегарди.

Шахриёр
Зиёвиддин гапи рост гуфти.


кошки статьяи буровардагитона намехондам, 15? 17?

Худованд ҷазои ҳардуятонро диҳад Марҷона ва Нуралии ҳайвонсират гуноҳи Мавзунаи хурдсол дар чи буд ки уро ба ин ҳол овардед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)