Нахустин суҳбати Ёқуб Салим дар озодӣ: Аз нақшаҳо то вазъи саломатӣ
Ёқуб Салим, вазири пешини умури дохилӣ ва яке аз қумандонҳои собиқи Фронти халқӣ, ки баъди 13 соли ҳабс субҳи имрӯз, 21-уми июн аз зиндон раҳо шуд, бо “Озодагон” як суҳбати кӯтоҳе анҷом дод.
Ба суоли “Озодагон” дар мавриди вазъи саломатӣ Ёқуб Салим посух дод, ки “худро хеле хуб ҳис мекунам, танҳо чашмҳоям камтар мушкил доранд”.
Дар бораи солҳои ҳабс ва муносибати зиндонбонҳо собиқ қумандони Фронти халқӣ гуфт, “муносибати хуб буд ва тайи солҳои ҳабсам ягон дағалиро аз маъмурини зиндон надидам. Аз ҳодисаҳои берун огоҳ будам. Тайи солҳои ҳабс ба матбуот дастрасӣ доштам. Ҳатто аз сайтбандии шумо ҳам дар зиндон тариқи матбуот хабар доштам”.
Ёқуб Салим афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ягона нақшааш дар озодӣ хушнудӣ бо аҳли оила аст: “Нав ба озодӣ баромадам ва нақшаам ҳамин аст, ки бо аҳли оилаам, ҳамсар ва фарзандонам хурсандона зиндагиро пеш барам. Ягон нақшаи дақиқи дигаре надорам”.
Ӯ бо ишора ба он, ки айни ҳол хаста асту асабҳояш монда шудаанд, ваъда дод, ки баъди каме истироҳат давоми ҳафта бо “Озодагон” як суҳбати муфассал хоҳад кард.
Қаблан наздикони Ёқуб Салим ба “Озодагон” хабар доданд, ки ӯ соати 5-и субҳи имрӯз аз боздоштгоҳ озод шуда, хеле хурсанд мебошад ва феълан дар манзили зисташ дар маҳаллаи “Водонасос” ҳамроҳи хонаводааш мебошад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ёқуб Салим, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид.
Ӯ моҳи июни соли 2014 бо ирсоли як нома ба Додситонии генералӣ ва Додгоҳи олӣ гуфта буд, то анҷоми муҳлати ҷазояш ҳудуди 1 солу 8 моҳи дигар мондааст ва дархост намуд, шартан пеш аз муҳлат раҳояш кунанд, чун вазъи саломатиаш хуб нест. Аммо дархости ӯ беҷавоб монда буд.
Акс аз "Озодӣ"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |