Бахшҳо

Дилбар Гургова: Писари 11-солаи маро дар “қартабозӣ” муттаҳам мекунанд

Дилбар Гургова, ҳамсари Амрулло Нуров, муттаҳам дар узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯяд, кормандони пулис писари 11-cолаи ӯро ба ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур бурдаанд.

Хонум Гургова имрӯз, 20 июн ба “Озодагон” гуфт, ӯро ҳам ба идораи пулис даъват карда, нисбаташ “протокол” тартиб додаанд. “Писарам Аслиддин Нуров дар синфи 4 мехонад. Ӯро ҳамроҳи як духтар, ки хонандаи синфи 9 аст, ба шӯъба овардаанд. Кормандони милиса мегӯянд, писари ман ва он духтар ҳамроҳи мардони калонсол “қартабозӣ” кардаанд”.

Дилбар Гургова афзуд, дар хона бемор буд ва писараш барои таъмири туфлиҳои даридааш ба назди усто рафта буд: “Ман ҳайронам, ки агар писари ман бо он мардон “қартабозӣ” карда бошад, пас чаро онҳоро боздошт накардаанд? Ҳоло “протокол” карданд. Як соат аст, ки дар шӯъба ҳастем”.

Ин дар ҳолест, ки нимаи аввали моҳи апрели солӣ ҷорӣ, Дилбар Гургова гуфта буд, додситонии ноҳияи Шоҳмансур алайҳаш бар асоси қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд парванда боз кардааст. Он замон хонум Гургова иброз дошт, барои фиристодани фарзандонаш ба мактаб шароит надорад ва мақомот барои ин ӯро ҷарима карданианд.
Мӯҳр
Э то кай ин милисахо хукуки шахрвандонро поймол мекунанд. Дар Конибодом занони хичоб пушро дошта 5000 сомони чарима карда истодаанд.

Ин золимхоро худо чазоашона дихад

Фузлиддин
Апа карта кори хуб нест лекин чува факат писари Шумода зуршон расидай у мардакода не

Муслим
Ассалому алайкум
Як подшохи кудратманд хост, то мулкеро фатх кунад ,ки хукмронии он ба дасти маликае бо писараш буд. Малика ба назди подшох косиде фиристод,ки ба шоханшох расонед хубтараш бо ман чанг накунад ,ки агар маро шикаст дихад мардуми чахон мегуянд,ки шоханшох зани заифаеро шикаст дод ва агар худаш шикаст хурад мегуянд,ки шоханшохи бузург аз дасти як зане шикаст хурд. ба шоханшох ин сухан писанд омад ва аз хамла даст кашид.

Бародарон милисахо, агар он зан душман хам ,ки бошад хамаги як зан аст ,як модар аст, ба холи худ гузоредаш.

salam
nu ne do takoi je stepeni...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)