Суҳбати сафири Эрон: Аз баҳси “Маснавӣ” то шиагароӣ ва манъи колои Эрон
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо намояндагони расонаҳои кишвараш манъи воридоти колои Эрон ба Тоҷикистон, сабти “Маснавӣ” дар ЮНЕСКО ва ихтилофи шиаву сунниро шарҳ додааст.
Фағонӣ дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ бо ишора ба мулоқоти худ бо Ибодулло Қурбониён, раиси “Тоҷикстандарт” гуфтааст: “Ҳадаф аз ин мулоқот баррасии чароии мавзӯи ҷамъоварии бархе колоҳои эронӣ аз сатҳи шаҳри Душанбе ва дигар нуқоти Тоҷикистон буд, ки тайи моҳҳои ахир иттифоқ уфтодааст”.
Фағонӣ гуфтааст мақомоти “Тоҷикстандарт” ин иқдомро ба қонунгузории Тоҷикистон муртабит донистаанд, ки 3 январи соли 2014 дар хусуси муқаррароти фаннии барчасбгузории маводи ғизоӣ тасвиб шудааст: “Дар моддаи 3-и ин санад омадааст, ки ба манзури ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунандагон бояд колоҳо барчасби тоҷикӣ дошта бошанд. Албатта, раиси созмони Тоҷикстандарт гуфт, ки хати русӣ ҳам қобили қабул аст”.
Сафири Эрон дар робита ба ин мавзӯъ афзудааст: “Тоҷирони эронӣ аз вазъияте, ки барои онҳо пеш омадааст ба сафорат шикоят карданд. Ин мавзӯъро дар мулоқот бо раиси созмони истондорти Тоҷикистон матраҳ кардам то бибинам асли моҷаро чист? Вай бо ироаи тавзеҳот ва нишон додани омору арқом хотирнишон кард, ки ин ҷамъоварӣ маҳдуд ба колоҳои эронӣ набуда, балки дар мавриди колоҳои ҳама кишварҳое, ки нибат ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон бетаваҷҷуҳӣ нишон додаанд, эъмол шудааст”.
Фағонӣ аз қавли омори “Тоҷикстандарт” гуфтааст аз бархе кишварҳо колоҳои ғайристандартӣ ба маротиб бештар вориди Тоҷикистон шудаанд. Бо ишора ба ин сафири Эрон таъкид кардааст: “Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки чаро фақат мавзӯи ҷамъоварии колоҳои Эрон то ин ҳад дар расонаҳо матраҳ шуд ва теъдоде аз расонаҳо фақат аз Эрон суҳбат мекарданд. Маншаи сиёҳнамоиҳо дар ин замина як радио буд, ки бо иғрози хосе ин мавзӯъро бузургнамоӣ кард. Пас аз баррасӣ мушоҳида шуд, ки колоҳои ғайриқонунии кишвари таъминкунандаи ин радио 5 баробари колоҳои воридотии Эрон будааст. Вале ин расона дар хусуси колоҳои ғайриқонунии кишвари худ ҳеч ҳафе намезанад. Ин ҳамон шайтанати расонаӣ аст, ки ҳадафаш душманӣ бо ваҳдат ва ҳамбастагии Эрону Тоҷикистон мебошад”.
Сафири Эрон дар ин масъала гуфтааст, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон низ дар ин мавзӯъ кутоҳӣ кардааст: “Зеро вақте колое аз гумрукот ва бо пардохти боҷ вориди Тоҷикистон мешавад, ин ба он маъност, ки аз нигоҳи системҳои назоратӣ вурудаш қонунӣ будааст”.
Фағонӣ гуфтааст, дар мавзӯи ҷамъоварии колоҳо норӯшан ин аст, ки чаро фақат ҷамъоварии колоҳои эронӣ дар расона ба сурати калон мунташир мешавад ва исме аз кишварҳои дигар ба миён намеояд? Ба эътиқоди Фағонӣ масъулони Тоҷикистон бояд ба ин мушкил таваҷҷуҳи бештаре дошта бошанд ва иҷоза надиҳанд, ки фақат рӯи як кишвар он ҳам кишваре, ки бештарин иштирокотро дар ҷаҳон бо онҳо дорад, тамаркуз ва сиёҳнамоӣ шавад.
Сафири Эрон ҳамчунин ба сабти “Маснавӣ”-и Мавлоно аз сӯи Эрон ва Туркия дар ЮНЕСКО пардохта, онро ба набуди иттилои лозим дар бораи шеваи сабти ҷудогона ва ё муштараки як асар донистааст: “Бар асоси шароити мавҷуд як асарро метавон ба равиши миллӣ, минтақаӣ, муштарак ва ҷаҳонӣ ба сабт расонд. Ба равиши миллӣ ҳар кишвар танҳо ҳар ду сол як бор метавонад ду асарро ба манзури сабт дар ҳофизаи ҷаҳонӣ муарифӣ кунад, вале барои сабти муштарак ҳеч маҳдудияте вуҷуд надорад”.
Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ афзудааст, “нусхаи хатии мавҷуд аз Маснавӣ дар Қуния марбут ба соли 677-и ҳиҷрӣ-қамарӣ ба унвони қадимтарин нусхаи комил ва муътабар шинохта шудааст ва нусхаи хатии китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ ба соли 818 ҳиҷрӣ-қамарӣ тааллуқ дорад. Бино бар ин сабти муштараки ин Маснавиҳо аз сӯи Эрон ва Туркия ҳеч рабте ба худи Мавлоно надорад ва наметавонад ба унвони мусодираи Мавлоно аз сӯи кишваре талаққӣ гардад”.
Сафири Эрон ҳадафи ин корро ҳифзи қадимитарин нусхаи Маснавӣ донистааст. Ба гуфтаи ӯ бо сабти муштараки Маснавӣ Туркия муттаъаҳид мешавад то барои нигоҳдории ин асар шароити беҳтаре фароҳам кунад ва солона гузорише ба ЮНЕСКО ироа кунад: “Аз ин назар ҳатто агар як нусхаи қадимии Маснавӣ дар Олмон ҳам шиносоӣ ва сабт шавад ҳамаи кишварҳои форсизабон бояд аз он истиқбол кунанд. Пас набояд аз ин мавзӯи комилан оддӣ мабное барои роҳ андохтани даъвои “турку тоҷик” дуруст шавад ва ин зеҳният талаққӣ шавад, ки ҳамкории Эрон бо Туркия бар манофеи кишварҳои дигари форсизабон таъсир хоҳад гузошт”.
Сафири Эрон дар ин нишаст ҳамчунин ба доман задан ба ихтилофи байни шиа ва суннӣ ишора кард ва онро бисёр хатарнок барои кулли ҷаҳони Ислом ва хилофи омӯзаҳои Қуръони карим ва Паёмбари бузурги Ислом донистааст. Ӯ изҳор доштааст “мутмаинам, ки дар Тоҷикистон хелеҳо ҳастанд, ки бо ихтилофи шиа ва суннӣ мухолиф буда ва ваҳдати онро мехоҳанд”.
Фағонӣ бо баёни ин, ки бархе ҷараёнот Эронро муттаҳам ба талош барои шиагарӣ дар Тоҷикистон мекунанд, гуфтааст: “Мо дар Эрон миллионҳо нафар суннӣ дорем ва агар дунболи шиасозӣ мебудем, мантиқан бояд аввал аз кишвари худ ин фаъолиятро оғоз мекардем”.
Ин дипломати эронӣ дар мавриди Тоҷикистон таъкид кардааст, “сафорати мо аввалин сафорате аст, ки дар Тоҷикистон боз шуда ва агар сиёсати он шиасозӣ мебуд, бояд қабл аз ҳама кормандони маҳаллии худро шиа мекард. Дар тӯли 25 соле, ки аз равобити Эрон ва Тоҷикистон мегузарад, ҳатто як корманди маҳаллии мо шиа нашудааст. Мо рӯзҳои ҷумъа кормандони маҳаллиро дар фурсати намоз таътил мекунем то агар хостанд ба намози ҷумъа бираванд. Мо низ ҳар мавқеъ фурсат доштаем дар намози бародарони аҳли тасаннун ширкат кардаем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |