Ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” баъди 20 дақиқаи парвоз ба замин нишаст
Як ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” баъди 20 дақиқаи ба ҳаво бархостан дубора фуруд омадааст.
Лола Кенҷаева, сухангӯи ин ширкат имрӯз ба “Озодагон” гуфт, ин ҳавопаймо, ки дар хатсайри Душанбе-Екатеринбург парвоз мекард, соати 19:28-и 17 июн бо далели нуқсонҳои фаннӣ (техникӣ) дубора дар фурудгоҳ нишастааст: “Айни ҳол тафтишот ҷараён дорад. Дар асоси муқарарот дар сурати эҳсоси оддитани нуқс ҳавопайморо ба замин менишонанд. Халабонҳо метавонистанд, ки бо ин нуқс парвозро идома диҳанд, аммо барои бехатарии мусофирон ба қафо баргаштанд”.
Ба гуфтаи хонум Кенҷаева, давомнокии хатсайри Душанбе-Екатеринбург 3 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |