Бахшҳо

Саломиддин Мирзораҳматов: Вақте дар бораи шахсият миф месозанд, ин шахспарастист

Саломиддин Мирзораҳматов як тоҷики муваффақ дар Қазоқистон ва як публитсисти маъруф миёни хонандаи тоҷик мебошад. Ӯ бештар дар мавриди шахсиятҳои таърихиву сиёсӣ очерк менависад. Яъне, чеҳраҳои сиёсӣ ва кори онҳоро барои хонандаи имрӯз бармалотар мекунад. Баҳси шахсият дар таърих ҳамеша вуҷуд дошт, вале имрӯз бо дигаргунтар шудани арзишҳо соҳибназарон ба ин падида назари дигар доранд. Хабарнигори “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ бо Саломиддин Мирзораҳматов ҳамин мавзӯъро дар миён гузошт.


БЕБАНДУБОРӢ ВА БЕҲОКИМИЯТӢ ҲУКУМАТИ ТУДАҲОРО ТАВАЛЛУД МЕКУНАД

Озодагон: Устод, мехостам суҳбатро аз ин ҷо оғоз кунем, ки баҳси шахсият дар таърих ҳамеша вуҷуд дорад. Баъзеҳо мегӯянд, ки таърих шахсиятҳоро месозад ва баъзеҳо бараъкс: шахсиятҳо таърихро месозанд. Мавқеи Шумо чист?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Шахсият дар таърихи ҳама гуна мардумон нақши тақдирсозро мебозад. Дар таърихи инсоният ин гуна мисолҳо зиёданд. Барои намуна пешвои фаронсавиҳо Шарл де Гол. Ӯ як сиёсатгари амалгаро буд ва Фаронсаеро, ки Олмони фашистӣ харобу пора-пора карда буд, эҳё намуду аз ҳолати афсурдагӣ берун кашид ва ба тинати ҳар як фаронсавӣ эътимод ба ояндаро баргардонд. Фаронсавиҳо ба ӯ бовар карданд ва атрофи пешвои худ муттаҳид шуданд. Баъди Ҷанги ҷаҳонии дувум дар як муддати кӯтоҳ Фаронса дигарбора ба як кишвари аврупоии мутамаддин табдил шуд. Шарл де Гол танҳо лидери аврупоие буд, ки дар солҳои 60-уми асри гузашта фаҳмид, ки доллари амрикоӣ як қапқон аст, ки тавассути он мешавад ҳама гуна давлати дар ҳоли рушдро тобеъ карад ва буҳрони иқтисодиву молиявиро дар ҳама гуна давлат роҳ андохт. Ин буд, ки дар солҳои 60-ум ӯ дар тайёраи худ тамоми долларҳои нақди амрикоиро бор кард ва ба Вашингтон парвоз намуда, дархост кард, бар ивази ин ҳама ба ман тилло бидиҳед. Амрикоиҳо ба ҷуз қонеъ кардани дархости ӯ роҳи дигаре надоштанд. Баъди ин конгресси ИМА қонунеро пазируфт, ки берун аз марзи кишвар арзи амрикоӣ бо тилло пӯшиш дода намешавад. Баъди як сол бо як усули аҷибу ғарибе дар Фаронсаи дар ҳоли рушд ҷунбишҳои оммавии донишҷӯён оғоз шуд. Шар де Гол фаҳмид, ки бод аз куҷо мевазад, вале ба донишҷӯёни фиребхӯрда ҳеч ҷизеро натавонист бифаҳмонад ва бар асари як ҳамлаи қалбӣ даргузашт. Барои ман Шар де Гол сиёсатгари амалагрои идеалӣ ва намунаи онҳоест, ки на таърих шахсиятҳоро месозад, балки шахсиятҳо таърихро месозанд.

Дар таърих ҳолати баръакс ҳам вуҷуд дорад. Дар давраҳои тақдирсоз дар майдони сиёсӣ шахсияте пайдо намешавад, ки битавонад пешво шавад. Дар оғози солҳои 90-ум, вақте аз ҳам пошидани ИҶШС ошкор шуд, дар Тоҷикистон низ беҳокимиятӣ бо мухолифатҳои тезутунди дохилиаш бармало гардид. Минтақагароӣ, муборизаҳои гуруҳӣ барои ҳукумат, коммунизми оштинопазир бо антикомуннизми на камтар аз он оштинопазир, таассуби мазҳабӣ пайдо шудани як пешвои хоризмотики миллиро номумкин гардонид, ки битавонад ризояти байни минтақаҳоро ба вуҷуд биоварад. Бебандуборӣ ва беҳокимиятӣ ҳукумати тудаҳоро таваллуд мекунад. Дар ин ҳолат ба майдон шахсиятҳои мутавасит, эҳсосии номуътадил, дорои дардҳои баландпарвозона ва муштоқи нишон додани “Ман”-и худ меоянд. Ҳукумати тӯдаҳо ба мисли вабо ба тамоми ҷумҳурӣ паҳн гашт, эҷоди сардаргуми густарда, тарс, ноумедӣ ҳар рӯз замони хунрезиро наздиктар мекард.

Дар маҷмуъ замони сардаргумӣ дар Тоҷикистон апрели соли 1982 оғоз шуд. Ин замоне буд, ки Ҷаббор Расулов, котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон ногаҳон вафот кард. Иштибоҳи ҷиддии Расулов он буд, ки ба ҷойи худ касеро омода накард. Ин буд, ки ҷойи ӯро Раҳмон Набиев, ки ба бовари амиқи ман як инсони тасодуфӣ ва дар айни замон муътод ба нӯшокиҳои спиртӣ буд, гирифт.

Дар поёни солҳои 80-ум дар мавриди ӯ як устурае ба миён омад, ки гӯиё алайҳи амрҳои Кремлин баромада бошад ва ба ин хотир ӯро аз мансаб дур карда бошанд. Музахрафот буд ин ҳама! Ӯ аз мансабаш барои он дур андохта шуд, ки ба шаробнӯшӣ муътод шуда буд! Ман ин устураро дар очерки “Президент Раҳмон Набиев ва фоҷиаи Тоҷикистон” ифшо кардаам. Замоне ки ӯро барои раёсатҷумҳурӣ номзад карда буданд бо эшон дидор доштам ва ҳамон ҷо бароям маълум шуд, ки Набиев наметавонад дар чунин як марҳилаи тақдирсоз пешвои мардум шавад. Ин андешаи ман комилан собит шуд. Баъди Набиев идораи ҷумҳуриро Қаҳҳор Мақкамов ба даст гирифт, ки дар симмати раиси Шӯрои Вазирон кор мекард. Як инсони фавқулода муҳтарам буд, ки софдилона талош мекард Тоҷикистонро ба як кишвари устувор ва дар ҳоли рушд табдил бидиҳад. Ӯ як мутахассис ва кордон ҳирфаӣ буд. Агар ИҶШС ҳифз мешуд, ӯ шоистатарин роҳбари ҳукумат боқӣ мемонд. Мутаассифона ӯ натавонист пешвои марҳилаи нав бошад ва тарафдоронаш ӯро фурӯхтанд.

Агар тамом суханҳои зикршударо хулоса кунем, ба чунин назар меоем: дар он марҳилаи тақдирсоз Тоҷикистон Нурсултон Назарбоев, Ислом Каримови худро надошт. Дар ин маврид набояд маро бо доштани таваҷҷуҳ ба шахсияти Каримов гунаҳкор кард. Ӯ ҷанги шаҳрвандиро дар Узбакистон пешгирӣ кард ва кишвари худро ба ғорат надод, мисле, ки ин вазъ замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд.

Озодагон: Чаро Шумо ба чеҳранигории шахсиятҳои сиёсӣ даст задед, магар ин бисёр муҳим аст?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Шинохтани таърих дар чеҳраҳо – мавзӯъи тамоми зиндагии ман аст. То замоне зинда ҳастам дар бораи қаҳрамонҳои ободгар менависам. Шоири маъруфи мо Розия Шарофиён, ки очеркҳои таърихии маро хондааст таасуроташро бо як ҷумла чунин баён кардааст – Шахсиятҳои тамаддунсози ҳамон давр. Ин ифода ба сиришти ман ворид шуд. Ман қаҳрамонони худро маҳз ҳамин тавр муаррифӣ кардаам. Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Маҳмадалӣ Қурбонов, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Қаҳҳор Маҳкамов - инҳо қаҳрамонҳои созанда мебошанд. Дар онҳо як вижагии умумӣ аст. Онҳо ормонҳои коммунистиро ҳамчун ормонҳои созанда пазируфта буданд.

Бо нишон додани пойбандии худ ба идеологияи коммунистӣ онҳо дар ҳифзи манофеи миллӣ бо инъитофпазирӣ ва эҳтиёт истода буданд. Чунин як мавзеъгирӣ ба онҳо имкон дод, ки дар қаламрави Бухорои Шарқӣ – аз ҳама бахши қафомондаи Осиёи Марказӣ ҷумҳури кишоварзию саноатии Тоҷикистонро эҷод кунанд. Дар мисоли зиндагӣ ва фаъолияти қаҳрамонони худ, ман давронеро сохтаниам, ки дар бораи он дастовардҳои бузурги Тоҷикистони Шӯравӣ ҳарф мезанам. Ман ба ҳеч ваҷҳ гузаштаи шӯравиро идеалсозӣ намекунам. Аммо на ҳама саҳафоти таърихи шӯравии мо тира мебошад. Барои ҳамин ман дар бораи саҳфаҳои муҷаллои таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, дар бораи фаъолиятҳои созандаи қаҳрамонони худ менависам. Нақши қаҳрамони ёдшудаи ман дар таърихи мо бебаҳс аст. Агар ба ҷойи онҳо дар арсаи сиёсӣ шахсиятҳои дигар меомаданд, эҳтимолан ману Шумо дар бораи Тоҷикистони дигар гуфтугӯ доштем.

Озодагон: Оё ҳамин тавсифи шахсиятҳо, ба иборае тарошидани шахсиятҳо аз диди филологиву ормонӣ як навъе аз шахспарастӣ нест?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Шахпарастӣ нест! Шумо манро ҳамон вақт дар шахспарастӣ айбдор карда метавонед, ки агар ман шахсиятро аз будаш зиёд нишон дода бошам, аз шахсият миф сохта бошам. Вақте ки ман дар бораи хоксории Ҷаббор Расулов менависам магар ин шахспарастӣ аст? Расулов ду костюм дошт. Дар хонааш як гилеми куҳна ва мебели солҳои сиюм буду халос. Бобоҷон Ғафуров ҳангоми сафараш ба маҳалҳо дар сумкааш “бутерброд” мебурд. Агар дар ҷое барои вай дастархони хоксорона омода кунанд, аз сумкааш “бутерброд”-ро бароварда рӯйи дастархон мегузошт. Вақте дар бораи ҳамин гуна хислатҳои ибратомӯзи Ғафуров менависам шумо метавонед эрод бигиред, ки ман шахспараст ҳастам? Дар бораи ҷасорати бемисли Улҷабоев ман бо ҳаяҷон навиштаам. Бо котиби КМ ҲКИШ Рудаков даст ба гиребон шуд ва ӯро рӯйирост айбдор кард, ки муносибаташ ба Тоҷикистон ба муносибати Британия ба Африқо монанд аст. Магар ин ҳам шахспарастӣ аст?

Озодагон: Нақши шахсиятҳое чун Бобоҷон Ғафур, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов ва дигаронро то андозае дар баррасиҳо хонда ва дидаем. Бештар нақши мусбати онҳоро. Оё мешавад дар бораи шахсияти манфии онҳо ҳам чизе бигӯед? Ё онҳо саропо фаришта буданд?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Онҳо фаришта набуданд, инсон буданд. Инсон фаришта нест. Ҳар яки онҳо фарзанди замони худ буданд, дар муҳити ҳамонвақта тарбия ёфта, ба камол расиданд. Ман аз онҳо фаришта насохтаам, танҳо дар бораи хизматҳои бузурги онҳо барои Ватан, миллат навиштаам. Дигар ин ки ҳадафи ман “компромат” пайдо кардан дар бораи онҳо набуд. Умуман ба зиндагии шахсии онҳо ман таваҷҷуҳ накардам. Ин аз рӯйи одоб нест. Яке аз дӯстони ман чунин эрод гирифт: байни Улҷабоев ва Расулов душманӣ буд, лекин ту инро нодида гирифтӣ. Ман ба ӯ чунин посух додам: барои таърих муҳим нест, ки байни онҳо чӣ гапу кор гузашт. Барои таърих муҳим ин аст, ки ин ду марди бузург барои Тоҷикистон чӣ кор карданд. Ман омӯхтаам, ки байни онҳо чаро хафагӣ бархоста буд, лекин ман инро наменависам, намехоҳам руҳи онҳоро ноором созам.

Ҳар дуи онҳо ҳамчун сиёсатмадор аз мактаби Бобоҷон Ғафуров баҳравар буданд. Вақте ки баҳори соли 1961 миёни Улҷабоевро шикастанд, Ғафуров, ки он вақт директори Институти шарқшиносии АУ ИҶШС буд, ба Никита Хрушёв ба ҷои Улҷабоев маҳз Расуловро пешниҳод кард. Агар ҳамон вақт ба ҷойи Расулов ягон шахси тасодуфӣ роҳбари ҷумҳурӣ мешуд, имрӯз на ГЭС-ҳои Нораку Бойғозӣ, Варзоби поён доштему на даҳҳо корхонаҳои бузурги саноатӣ ва на роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа-Ёвон, ки ҳатман бояд барқарор шавад. Барномаҳои Улҷабоевро Расулов амалӣ кард.

ДАР ШӮРАВӢ НАВРАСЕ, КИ АЗ ДУРДАСТТАРИН ДЕҲА ОМАДА БУД, МЕТАВОНИСТ АКАДЕМИК ШАВАД

Озодагон: Тоҷикистон ба унвони як давлат ду бахш дорад. Яке Тоҷикистони шӯравӣ ва дигаре Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ҳоло бигӯед, ки кадоме аз ин ду бахш шахисятпарвар буданд ва ё шахсияткуш?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Аввал ин ки Тоҷикистони Шӯравӣ давлат набуд, балки як субъекти СССР буд. Дуввум ин ки давоми саволатон ҷавоби хеле мушкил дорад. Ҳама гуна давлат бо иқтисоди бозорӣ наметавонад аз нигоҳи иҷтимоӣ комилан мутамарказ бошад. Дар Тоҷикистони Шӯравӣ ба мисли тамоми ИҶШС навобаста аз вазъи молии волидайни худ метавонистанд истеъдоди худро дар ҷомеа амал бубахшанд. Дар Тоҷикистони Шӯравӣ наврасе, ки аз дурдасттарин деҳа ба Душанбе омада буд, метавонист академик бишавад. Ба Шумо ёдрас кунам, ки фарзандони бузурги мардуми мо устод Турсунзода (зимнан ятим, парвардаи хонаи ятимон), Улуғзода, устод Қаноат, устод Лоиқ ва ғайраҳо аз деҳаҳои дурдаст бархостаанд. Ҳамаашонро ном намебарам. Деҳаи Артуч дар Панҷакат қариб, ки дар сари куҳ ҷойгир аст. Он ҷо мактаб ва китобхона вуҷуд дошт ва аз ин деҳа олими сатҳи ҷаҳонӣ Сафар Абдулло бархост, ки дар ҳамин Артуч таваллуд ва ба воя расида буд.

Дар кишваре, ки таҳсил ҳамагонӣ ва ба ҳама қишрҳои аҳолӣ дастрас аст, шахсиятҳо ташаккул меёбанд. Ман дастовардҳои Тоҷикистонро дар даврони истиқлол зери савол гузоштанӣ нестам. 10 сол зарур шуд то низоъ байни минтақаҳо дар Тоҷикистон хотима дода шавад. Вале барои он ки тамоми шароит барои шаклгирии шахсиятҳо эҷод шавад, сифати таълим бояд ба сатҳи шӯравӣ боло бурда шавад ва онро бояд ҳамагонӣ кард, дар кишвар бояд донишпарастиро роҳ андохт.

Озодагон: Бубинед, Шумо аз Ҷаббор Расуловро бисёр тавсиф мекунед, вале соҳибназарон мегӯянд, ки Расулов як шахсияти кор буд то шахсияти сиёсӣ ва мисол мезананд, ки Турсунзода дар паҳнои Шӯравӣ аз Расулов пуршахсияттар буд. Розиед ба ин фикр?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Қатъиян розӣ нестам! Баъзе ҳамон соҳибназароне, ки шумо ишора кардед, таърих, зиндагиномаи шахсиятҳои таърихиро наомӯхта баҳо медиҳанд. Устод Мирзо Турсунзода як шахсияти маъруфи ҷаҳонӣ буд, пеш аз ҳама ба унвони фаъоли ҷамъиятӣ. Расулов аз обрӯи қобили мулоҳизае дар сатҳи ИҶШС ба унвони сарсупурдаи Тоҷикистон бархӯрдор буд. Набояд хидматҳои шахсиятҳои таърихиро аз рӯйи дараҷаи маъруфияташон баҳогузорӣ кард. Ҳар дуи онҳо фарзандони бузурги мардуми мо буданд. Зимнан, устод Турсунзода наздиктарин дӯсти Расулов буд. Дар соли 1963 бо ташаббуси Расулов Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ таъсис дода шуд. Аввалин барандаи он Турсунзода буд ва вақте Турсунзода даргузашту баъди се соли он Раҳимзода вафот кард, Расулов аз онҳо бо дард ёд намуд ва гуфт: бидуни Мирзо ва Боқӣ ман беболу парам.

Озодагон: Мешавад гуфт як мутахассиси шахсиятшинос ҳастед. Ба назари Шумо беҳтарини қурбониҳои ҳаводиси солҳои 90 ва ду даҳаи асри 21 аз ҳисоби шахсиятҳо киҳо буданд?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Аз он ки ман то кадом андоза шахсиятшинос ҳастам, хонанда баҳо диҳад. Дар асарҳоям кушиш кардаам, ки ба ҳар як шахсият мунсифона, аз рӯйи адолат баҳо диҳам. То кадом дараҷа ба ин муваффақ шудаам беҳтар аст аз хонандаҳои ман пурсед.

Таърихи Тоҷикистони Шӯравиро бояд таърихдонҳои амалгаро, инсонҳои озод ва орӣ аз меъёрҳои идеологӣ бинависанд. Ҷавонон бояд нигоҳи боэҳтироме ба таърихи даврони шӯравии мо, ба инсонҳое, ки ба ормонҳои коммунистӣ эътимод карда буданд, дошта бошанд. Эътимод ба сотсиализм, сохтани давлати коргару деҳқон бо онҳо дар сохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрмандӣ кард.

Озодагон: Чун баҳс сари шахсият меравад намешавад дар бораи Эмомалӣ Раҳмон чизе нагуфт. Шахсияти эшон аз назари Шумо?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Эмомалӣ Рахмон бидуни шак шахсият ҳаст. Тавонист бо ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузорад ва барои бунёдкорӣ дар давраи истиқлолият замина фароҳам орад.

Озодагон: Аз ин ки ба таҳқиқи рӯзгору осори шахсиятҳо сари кор гирифтаед, ҳатман барои худ омилҳоеро кашф кардаед, ки сабаи аслии шахсият шудан гаштаанд. Онҳо кадомҳоянд ва оё дар Тоҷикистон онҳо ва ё заминаашон вуҷуд дорад?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Бо омӯхтани зиндагӣ ва шахсияти қаҳрамонҳои худ ман ба хулосае омадам, ки танҳо шахсиятҳои фавқулода метавонад, ходими давлатӣ шавад. Бояд фарқи ходими давлатӣ аз мансабдорро рафт. Ходими давлатӣ дар кори худ манофеи давлатиро боло мегузорад. Вай доно, боистеъдод, дорои дониши ҳамаҷониба, хеле пурэнержӣ ва аз ҷавонмардиҳои бисёру ҷасорати намунавие бархӯрдор аст. Он набояд дар лаҳзаҳои зарурӣ аз қабули қарори мураккаб битарсад. Ходими давлатӣ бар асоси қоида бояд тими худро аз ҳисоби нафарони касбӣ ва ҳамандешаш дошта бошад.

Ходими давлатӣ бояд сухнарони ғаррое бошад, ки битавонад тӯдаҳоро ба дурустии сухани худ мутақоид кунад. Ходими давлатӣ бояд қобилияти роҳандозии муколамаро бо мухолифини хеле оштинопазири худ дошта бошад ва бар онҳо на аз роҳи қувва, балки аз роҳи дониш, хирад ва ҳайсият ғалаба кунад. Дар ҳама даврон мансабдорҳо хеле бисёр буданд, вале ходимони давлатӣ ангуштшумор. Мансабдор пеш аз ҳама дар бораи фоидаи худ меандешад, чӣ гуна курсии худро битавонад ҳифз кунад ва ё чӣ гуна аз зинаҳои хидматӣ ба болотар бирасад ва ё имтиёзоти бештаре ба даст оварад.

Озодагон: Ва ба унвони саволи охир: Ҳукумати шахсиятдор муваффақ мешавад ё ҳукумати мутахассисдор?

Саломиддин Мирзораҳматов:
Танҳо ҳукумате, ки аз ҳисоби шахсиятҳои барҷаста, намоён сохта шудааст, метавонад коршонсони фаннӣ ва ҳамадон (технар) дошта бошад. Шахсиятҳои дорои соҳиби тафаккури давлатӣ аз дидани инсонҳои баробари худашон равшанфикр ва аз худаш боло намеҳаросанд. Дар солҳои 90-ум бахши аъзами тими Назарбоев аз инсонҳои ҳадафманд, баландпарвоз ва ҷавонҳое, ки 30-35 сол доштанду дониши хуберо фаро гирифта буданд ва чандин забонҳоро медонистанд, иборат буд. Ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ чизе наметавонистанд барои Қазоқистон бикунанд, вале ҳамаи онҳоро Назарбоев ҷамъ овард ва ба як тими зеҳнӣ ҷиҳати сохтани Қазоқистони мустақил табдил дод. Натиҷаҳои муассири Қазоқистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, имрӯз ҳеч касеро машкук намекунад.

Солҳои 90-ум дар Тоҷикистон фирори мағзҳо бо баҳонаи сода – нооромии вазъ оғоз шуд. Ҳар ҷое, ки ором нест аз он ҷо сармоя ва мағзҳо ба ҷойи амнтар фирор мекунанд. Ҳазорҳо ҳамватани мо – инсонҳои боистеъдод маҷбур ба тарки Ватани худ буданд. Дар тамоми фазои пасошӯравӣ, дар аврупо, Осиё, ИМА дониши онҳо, истеъдод ва мағзи онҳо талабгор пайдо кард. Ин замоне буд, ки дар ҷумҳури норасоии зарфиятҳои зеҳнӣ эҳсос мешуд ва бар асари он имрӯз ҳам ин норасоӣ ба назари ман эҳсос мешавад.
Мӯҳр
Панчхон
Шарху тафсир ки ба мардум лозим нест саволхо бояд дурусттар матрах мешуд то ин марди шариф хам дар масири масъала ва муаммо карор мегирифт ва гуфтугу шояд пурбортар мебуд саволхо ки "логар" буда чавобхо хам хамон шуда ки дар замони шурави мо мешунидем мушкил ва рохи хал бояд бармало мешуд

Darvesh
...Деҳаи Артуч дар Панҷакат қариб, ки дар сари куҳ ҷойгир аст. Он ҷо мактаб ва китобхона вуҷуд дошт ва аз ин деҳа олими сатҳи ҷаҳонӣ Сафар Абдулло бархост, ки дар ҳамин Артуч таваллуд ва ба воя расида буд.
... Ku hozir bra bin ki onjoda maktab hast yo nest???? Hama kamsavod hama ba Russiya Tanho az dehai Artuchi khurdakak ziyoda aza hazor nafar dar Russiya hastand!!!!!!!!!!! Pas kadom Safar Abdulloi digar????????? bovar doram Shumo maro fahmiden.

Амрулло
Мусохибаи хуб, нест бод шахспарасти, шахспарастиро таърих лаънат мехонад, агар дар чомеа адолат, чои кори шоиста, маоши лозима, андози паст, волоияти конун, баробариву бародари, кадрхои миллии босавод, иктисодиёти кави бошад, то андозае шахспарастиро тахаммул кардан мумкин, агар хамин гуфтахои боло набошад, шахспарасти бисёр манфур, дилбехузуркунанда ва то чое боиси тамасхуру хандахариши мардум мешавад ва хотираи бад насл ба насл боки мемонад!

ХАЛК БЕ ФАРЗАНДИ ОЛАМГИР, ОЛАМГИР НЕСТ БОЗ ЗОЯД МОДАРИ ТОЧИК ФАРЗАНДИ ДИГАР... Лоик

Ахсант устоди мухтарам. Умедворам "Озодагон" бо Шумо мусохибахои дигареро ба мо ироа кунад. Ман бори аввал ва инчо шуморо шинохтам ва ба Шумо фахридам. Худо хифзатон кунад устод!

Сафар
Дар мавриди шахсияти Рахмон чурьат накардаст ки мунсифона бахо дихад!!! Озодагон озод бош!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)