Ширкати австралиягии “Скайленд петролиум лимитед” 19-уми июн бо нашри як иттилоия аз оғози истихроҷи нафт дар кони “Қизил Тумшуқ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар додаст.
Стивен Эллиот, ноиби президент оид ба рушди “Скайленд” изҳор доштааст, ки истихроҷи нафт аз кони Қизил Тумшуқ дар доираи вақт ва маблағи пешбинишуда амалӣ гардид: “Маҳсулоти ин кон бо харҷи хеле кам ба даст омад ва маблағи фоидаи ин кон барои истихроҷу коркарди маҳсулоти конҳои дигар равона хоҳад шуд. Нафти истихроҷшуда аз Қизил Тумшуқ дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад".
Масъулини "Скайленд", ки дар биржаи фондии Австралия сабт шудааст, изҳор медоранд, ки Қизил Тумшуқ танҳо яке аз конҳояшон дар Тоҷикистон мебошад ва ширкаташон иҷозаи кор дар чоҳҳои дигари нафту гази Тоҷикистонро дорад: "Омодагӣ барои коркарди чоҳҳои дигар хуб пеш рафта истодааст”.
Дэвид Робсон, мудири ширкати “Скайленд петролиум лимитед” мегӯяд, бо харҷи вақт ва маблағе, ки пешбинӣ карданд, ба истихроҷи нафт даст ёфтанд: “Мо муътақидем, ки ояндаи наздик метавонем, истеҳсолотро зиёд кунем”.
Дэвид Робсон инчунин аз мудирони “Тетис петролиум” мебошад, ки дар ҷануби Тоҷикистон ба ҷустуҷӯ ва коркарди нафту газ машғул аст ва бо изҳороти хушбинонааш оид ба захираҳои нафту газ дар кишвар машҳур мебошад. Робсон, ки қаблан ширкати калони фаронсавӣ, “ТОТАЛ” ва ширкати чинии “China National Petroleum Corporation” (СNPC)-ро барои иктишофу истихроҷи нафту газ ба ҳавзаи “Бохтар” ҷалб кард, ҳаҷми захираҳои нафту газро дар майдони “Бохтар” 3.22 триллион метри мукааб газ ва 8.5 миллиард бушка нафт эълон карда буд, ки баробари захираҳои кишварҳои бой мебошад.
Робсон мақсад аз фаъолияташ дар Тоҷикистонро на танҳо таъмини талаботи дохилӣ, балки содироти газ ба Чин гуфта буд: “Дар марҳилаи аввал бозори дохилии Тоҷикистон ҳам ҷоллиб аст. Ин кишвар барои газ нархи хуб медиҳад. Аммо он захираҳое, ки мо нияти истихроҷашонро дорем, хеле, хеле ва хеле аз талаботи Тоҷикистон барзиёданд ва метавонанд давоми 24 сол талаботи бозори Чинро пурра таъмин намоянд.”
Қаблан Дэвид Робсон бо даъвати “Ориёнбонк” таҳти роҳбарии Ҳасан Асадуллозода ба ҳайати мудирияти бонк шомил шуд ва феълан узви мустақили Шӯрои назоратии “Ориёнбонк” мебошад. Акс: Мулоқоти Дэвид Робсон бо Президенти Тоҷикистон
Мӯҳр