Ин бозӣ бо шикасти тими мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Бозигарони яккчини ӯзбак ин дафъа ба дарвозаи ҳарифашон 3 тӯби беҷавоб ворид карда, 3 холи дигар ба даст оварданд. Тими Тоҷикистон бошад, дар даври сеюми бозиҳои интихобӣ аз 5 бозии баргузоршуда, ягон имтиёз ба даст наоварда, ба замми ин аз дарвозааш 15 тӯб сар додааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 4 бозии қаблияш низ ба шикаст мувоҷеҳ шуда, дар ин гурӯҳ бе ягон имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Натиҷаҳои қаблии бозиҳои тими миллӣ ба таври зайл аст:
Тоҷикистон-Ӯзбакистон 0:1, Корея-Тоҷикистон 1:0, Ҷопон-Тоҷикистон 8:0, Тоҷикистон-Ҷопон 0:4 ва ахиран шоми дирӯз -Ӯзбакистон-Тоҷикистон 3:0. Бозии охиринро тими миллии футболи кишвар бо мунтахаби Кореяи Шимоли рӯзи 29-уми феврали соли 2012 дар Душанбе мегузаронад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |