На танҳо сокинони маҳаллӣ, балки хориҷиҳо низ барои харидории сабад дари онҳоро мекубанд: “Баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон вақте хориҷи кишвар мераванд, сабадҳоро ҳамчун туҳфа мебаранд. Хориҷиҳо низ меоянд ва аз мо сабад мехаранд”.
Исроил Қосимов мегӯяд, онҳо аз моҳи сентябр то март ба ҷамъоварии химчаҳои шулаш машғул мешаванд: “Сабадҳо танҳо бо ин химчаҳо мустаҳкам ва зебо мешаванд”.