Бахшҳо

М.Шарифзода: Набояд бо равиши болшевикӣ бо мардум ва фарҳанги онҳо бархӯрд кард

Мусоҳибаи ихтисосии Ҳумайрои БАХТИЁР бо ҷомеашинос Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА



ҚИСМАТИ АВВАЛ

ҚИСМАТИ ДУВУМ

ДАР ДУНЁИ ИМРӮЗ БО ДУРӮҒ ВА ДУЗДӢ НАМЕТАВОН ДУР РАФТ

Ҳумайрои Бахтиёр: Равоншиносон мегӯянд, бадтарин ҳолати инсон ин яъс ва ноумедӣ ҳаст. Шумо ҳамин чизро дар мардуми Тоҷикистон мушоҳида накардаед?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Бале, чунин аст. Шояд яке аз нуқтаҳои муҳим, ки имрӯз тарс, яъсу ноумедӣ ва дигар маризиҳоро дар ҷомеаи Тоҷикон ҳукумрон кардааст ин аст ки ҳисси таърих ё худро дар як давомнокии таърихи дидан, дигар қатъ шудааст. Мардум дар Шӯравии собиқ як мавқеи муайяни фикрӣ ва иҷтимоӣ доштанд ва худро қисми воқеии ҷаҳони онрӯз ҳис мекарданд. Гум кардани ҳисси таърих (historical sense) ба гуфти Нича хатои аслии файласуфон буд ва дар Тоҷикистон файласуф ҳам надорем. Ин як нуктаест, ки боиси набудани фикри мустақили сиёсӣ дар Тоҷикистон гардида ва ин аст ки сиёсатмадори воқеӣ ҳам надорем, ки моро имрӯз ба таърих ворид кардан тавонад. Қадами аввали ворид шудани Тоҷик ба таърих бо ёрии болшевикон дар ибтидои асри бистум гузошта шуд ва дар давраи истиқлол боястӣ қадами воқеӣ гузошта шавад. Ворид шудан ба таърих ин маънии сохтани ҷаҳон ё фазои будани Тоҷикон ва ё сохтани бунёди воқеии давлату миллати Тоҷикро дошт, ки дар он ҳар як тоҷикистонӣ бояд иштирок мекард ва ҷалолу шукуҳи ин равандро дар вуҷуди худ ҳис менамуд. Мутаассифона, сиёсатмадорони мо чи хел ки гуфтем “қудрат”-ро аз “қувва ва мансаб” ва “фазо”- ро аз “ҷой” фарқ карданро ёд нагирифтаанд ва надонистанд, ки ҷаҳонсозӣ, ба гуфти файласуфи муосири Итолиё Агамбен (Agamben) ин ҳаёти лучи мардумро бо ягон шакли ҳаёт пӯшонидан аст ва танҳо аз таъмир ва сохтани роҳҳо, мактабҳо, биноҳо иборат нест. Инчунин дар раванди сохтани ҷаҳон ё тарзи ҳаёти Тоҷикӣ идеологияи созанда (дониш ва ҳақиқат), ки мардумро дилгарм ва ҷамъ кардан тавонад, шакл мегирифт. Идеология, ки танҳо ҳарф ва хурофот нест. Идеологияи ҷомеасоз ва ҳуввиятсоз, ки аввал сиёсатмадорон ба дурустӣ ва ҳақ будани он имон дошта бошанд ва ҳудудҳои муайян кардаи Худованд ва қонунро зери по накарда, амал кунанд. Ин аст ки мардум ба хусус мардуми одии Тоҷикистон, ки дар Шӯравии собиқ фазоӣ иҷтимоии солимро таҷриба кардааст, ин ҳамаро хуб ҳис мекунанд ва мебинанд...

Ҳумайрои Бахтиёр: Агар воқеан мардуми мо чунин як руҳия дорад, он мо ва кишвари моро ба куҷо мебарад? Оё ноумедӣ сабаби ақибмонии ҷомеа намегардад?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Дигар ҷои бурдан намондааст, акнун ба нуқтаи даркорӣ расидаем ва он эътирофи ин нуқта аст, ки ба ин буҳрони давомдор хотима бахшидан даркор. Дасти фасодкоронро кутоҳ бояд кард ва аз воқеияти гап ба амали созанда бояд гузашт. Ба хусус ин “буржуазия”-и нави Тоҷик, ки на демократ, на коммунист ва на салафӣ будан ва на Тоҷик буданаш маълум аст, бояд аз илм ва дониш кор гирад, ки дар дунёи имрӯз чун дар ҳама вақтҳо, бо дурӯғ ва дуздӣ наметавон дур рафтан. Ҳатто шайху шоҳон ва сармоядорони дунё, ки сармоя ва моликияти меросӣ доштанд ба хулосае омадаанд, ки бо мардум ва дар ҷомеае бо ниҳодҳои солим дошта мебояд зист. Сармоя ва моликият барои доштан нест балки барои будан аст. Давлат ва миллатро бояд сохт ва онро танҳо аз як авлод ва як маҳал ва ҳатто аз минтақа наметавон сохтан, балки ҳама мардуми Тоҷикистон новобаста ба маҳал, мазҳаб ва миллаташон бояд дар ин сохтмон иштирок дошта бошанд, зеро фазое бояд созанд, ки дар он новобаста ба маҳдудаҳои зикршуда ҳама бояд зистан тавонанд. Ин ҷо як чизро гуфтаниам, ки воқеан, арзишҳои миллӣ ва иҷтимоӣ (сотсиалистӣ), ки дар маҳфилҳои Академияи улум ишора мекунанд, арзишҳои калидӣ ва таркибии сиёсати имрӯзаи барои инкишофи давлат ва муттаҳид сохтани ин миллат бояд бошанд, вале имрӯз вақте аст ки набояд бо равиши болшевикӣ бо мардуми худ ва бо фарҳанги мардуми худ бархӯрд кард.

БА КӮДАК ҲАМЧУН БА МАВҶУДИ ФИКРКУНАНДА МУНОСИБАТ КАРДАН ДАРКОР

Ҳумайрои Бахтиёр: Сабаби ин худкушӣ, ки имрӯз омори нигаронкунанда дорад, ҳамин ноумедӣ нест?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Воқеан, ҳамин ноумедист, ки реша дар таркибҳои иҷтимоӣ дорад. Ҳанӯз сад сол пеш Дуркҳейм ин чизро исбот карда буд. Мутассифона, дар мо таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар шинохти ин рӯйдод, ки оммавӣ шуда гузаронида намешаванд ва ё гузаронида ҳам шаванд касе натиҷаи онҳоро пайгирӣ намекунад. Онҳое ки дар будани ин буҳрони давомдор дар ин сарзамин даст доранд, дар худсӯзиву об кардану овехтани мардум даст доранд. Бо ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум ин маризиро метавон аз байн бурд. Ва дигар ин ки дар кӯдакистон ва мактабҳо роҳҳои дарс ва омӯзишро куллан дигар кардан даркор, то кӯдакон ва ҷавонон дар ҳар гуна шароит бо зиндагӣ бархӯрди солим дошта бошанд. Тавонанд ҷомеаи воқеии Тоҷикистонро шинохтан, чиро ки дар хона ва мактабҳо як чиз мешунаванд, вале воқеият дигар қиссаҳо дорад. Воқеан, имрӯз педагогика ё омӯзиш, чун сиёсат, дар Тоҷикистон инқилоб мехоҳад ва ба кӯдак ҳамчун ба мавҷуди фикркунанда муносибат кардан даркор, ки аз хурдӣ мустақилона фикр кардан ва ҳиссиёти худро идора карданро ёд гирад. Фройд гуфта буд, “се ихтисоси номумкин аст – омӯзгорӣ, табибӣ, роҳбарӣ –ки ман бо дуи онҳо пурра машғулам ”. Воқеан дар ҳар се соҳа Тоҷик мардони ҳамсанги Фройд мехоҳад.

Ҳумайрои Бахтиёр: Гуруҳе аз мардум ба мадҳу санои ҳокимон машғуланд ва тааҷубовар аст, ки бархе аз онҳо дар сатҳи бениҳоят пасти иҷтимоӣ қарор доранд. Онҳое, ки мансабу манфиате доранд, қобили дарк ҳастанд, аммо гуруҳи аввал чаро чунин мекунанд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Қишри миёнаи ҷомеа, ки аз зиёӣ ё интеллегенсияи Шӯравӣ иборат буд, ба ин кор машғул аст. Бубинед, баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ қишрҳои ҷомеа ё синфҳое мисли коргар, деҳқон ва интеллегенсия, ки пештар вуҷуд доштанд дигаргун шудаанд ё аз байн рафтаанд. Мардум мавқеи иҷтимоии худро аз даст дод. Дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё, масалан дар Фаронса, Ҷопон ва Иёлоти муттаҳида ҷомеашиносон мавқеи ишғолкардаи мардумро дар фазои иҷтимоӣ вобаста ба таалуқ доштанашон ба сатҳҳое мисли сармояи иқтисодӣ, сармояи фарҳангӣ ва баъдан сармояи сиёсӣ мешиносанд. Аз рӯи мавқеи иҷтимоӣ чӣ қадар, ки мардуми сармояи фарҳангӣ дошта ба мардуми сармояи иқтисодӣ дошта наздик бошанд ҳамон қадар арзишҳои умумиро доро ҳастанд. Мутассифона, ҳолате ки дар мо ҳукумрон аст, дар ин солҳо сармояи фарҳангӣ дар як қутбест, ки дигар ба сармояи иқтисодӣ наздикӣ надорад ва мардуме, ки ба гуруҳи сармояи иқтисодидошта таалуқ доранд, аз фарҳанг тамоман дур мондаанд. Ин нишони набудани ҷомеаи солими инсонӣ аст, вақте гуруҳе ки ба сармояи фарҳангӣ таалуқ доранд имрӯз ба қишри камбағалӣ ҷомеа табдил ёфтаанд ва гуруҳе, ки сармояи иқтисодӣ (пул ва моликият) доранд аз сармояи фарҳангӣ, яъне аз илм, дониш ва фаҳмиш дур мондаанд. Аз ин рӯ механизми фазосозии ҷомеа кор намекунад, чиро ки ҳамоҳанги байни сармои фарҳангӣ, сармояи иқтисодӣ ва сармояи сиёсӣ дар ҷомеа вуҷуд надорад. Фикр кунам, аз як тараф, ин ҳолат боис шуда, ки имрӯз бештари зиёиёни мо ва ҳатто ниҳодҳои илмӣ- таҳқиқотии мо истиқлоли фикрӣ надоранд ва ба ҷои истеҳсоли дониш ва илм бештар ба мадҳу сано ва ба китобнависӣ барои дигарон машғул шудаанд. Аз дигар тараф, қисмати зиёди ин қавм, яъне интеллегентсияи советии тоҷик, дар давраи Шӯравӣ ҳам фикри мустақил надоштанд ва аслан ба таърифи система ва империяи Шӯравӣ машғул буданд то он ки Шӯравӣ аз байн рафт ва онҳо ҳанӯз хабар надоштанд, ки ин давлати абарқудрат дигар вуҷуд надорад. Ва ҳастанд баъзеҳо, ки ҳанӯз ҳам нақши ситемаи Шӯравӣ аз мағзашон нарафтааст ва ҳанӯз ҳам ба таърифи он машғуланд ва дарк накардаанд, ки давлати худро сохтан зарур аст, агар абарқудрат ҳам набошад бояд шароит ба вуҷуд овард, ки абармардум дошта бошад...

Ҳумайрои Бахтиёр: Як қишри дигаре дорем, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёди ҷомеа аз низом ва тарзи зиндагӣ розӣ ҳастанд. Онҳоро метавонем фидоӣ бигӯем?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
На, инҳо фидоӣ нестанд, балки хом ва роҳ норафта ҳастанд ва ба фикри ман технологияи худӣ-ҳақиқат-қудрат ва фазосозиро аз сар нагузаронидаанд. Инҳо мардуме ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ сафо ва ҷалолу шукӯҳи сохтани ҷаҳони худро ҳис накарда ва дарнаёфтаанд ва баъзан аз забони ин гуна мардум мешунавӣ, ки “кош инглисҳо ва ё немисҳо моро ишғол мекарданд, на русҳо, то пешрафта мешудем”. Ва ҳамин мардум аст, ки истиқлолро ба ҷои ба воқеият табдил додан ба идеал ва ваҳдатро ба афсона табдил доданд, чиро ки зарфият, қобилият ва донишу таҷрибаи сохтанро надоранд. Ин аст ки созандагӣ дар воқеияти гап мондааст ва санъати тавсифи мақомот ба мусобиқа ва ба санъате барҷаста табдил ёфта. Бубинед, технологияи худғуломсозӣ дар ин ҷомеа чун амал мекунад ва мардуме, ки роҳи худсозиро нарафтаанд худ ба бозичаи болотарҳо аз худ табдил меёбанд. Чунон ки маълум аст ҳар як Худӣ ё Субъект (ҳомил, фоил, мудрик, дарунохта), тавре равоншинос Лакан шарҳ медиҳад, метавонад Дигар ё Ғайрро (the Other) ҳамчун Объекти (чиз, мутаълиқи чизе ё касе, берунохта) худ шакл додан ё худ метавонад объекти Дигар бошад, яъне дигарон аз вуҷуди ӯ худии худро метавонанд бино кунанд, ё ки дар баробари чашми Дигар ё Ғайр вобаста ба завқи вай аз худ ҳар чиз ва ҳар каси дилхоҳро бисозад. Ин руйдодро метавон дар сатҳи фарҳангҳо ва инчунин дар сатҳи шахсиятҳо ва муносибатҳои онҳо мушоҳида кард. Имрӯз бисёри роҳбарони вазоратҳо, пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳо ва шахсиятҳо дар баробари “болонишинҳо” ё хӯҷаинҳои худ, худро шаклҳои гуногун медиҳанд, ниқобҳои дилхоҳи онҳоро мепӯшанд ва он ҳарфро мегӯянд, ки ба табъу нафси мансабдорон мувофиқ аст, на ба ҳақиқат. Мутассифона, ин гуна технологияи пасти муносибат ва таҳқири одамият дар ҷомеаи мо дар авҷу мавҷи хеш аст.

Ҳумайрои Бахтиёр: Қисмате аз мардум нисбат ба ҳодисаву воқеоти кишвар бетарафанд. Бетарафонро бархе хавфноктар аз мухолифон мешуморанд. Фикри Шумо дар ин маврид чист?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Воқеан чунин аст, қисмати мардум ба ончи дар ҳаёти худ ва дигарон мегузарад хомӯшанд ва бетараф. Ин боиси зиёд шудани дурӯя ва дурӯғгӯён дар ҷомеа шудааст ва ин бетарафӣ падидаест, ки донишманди шинохта Абдуллои Раҳнамо аз он ҳамчун “илми говӣ” ёд кардааст. Ӯ ин мафҳумро дар нисбати коркунони фикрӣ ва ба хусус мардуме, ки дар донишгоҳҳо кор мекунанд истифода карда, ки онҳо ба ончи, ба хусус дар фазои сиёсии мамлакат мегузарад, хомӯширо пеша мекунанд. Онҳо ҳатто профессору докторҳои донишгоҳ, мебинанд ва медонанд, ки чӣ мегузарад, вале мутассифона худро ба нодонӣ мезананд ва мавқеи бетарафиро мегиранд. Ба гуфти Раҳнамо, бисёрии устодон чунин мавқеъ гирифтанашонро, барои аз даст надодани мавқеи худ дар донишгоҳ шарҳ додаанд, то худро аз фишорҳои сиёсии ҳукуматдорон нигоҳ доштан тавонанд. Ин падида худ шоҳид аст, ки ҷаҳл то куҷо дар вуҷуди ҷомеаи мо ҷой кардааст. Вақте олимони мо дар баробари беадолатиҳо, ҷаҳл ва хурофот дар ҷомеа муқобилат кардан натавонанд, чӣ ҷои шикоят аз мардуми кӯчаву бозор аст ва аз ҷавонон ки ба худкушӣ даст мезананд. Падидаи “илми говӣ” худ наздикӣ дорад ба падидае болотар ва бадтар дар ҳамин намуд, ки Ҳанна Арендт (Hannah Arendt) аз он ҳамчун, агар тарҷума дуруст бошад, “соддагии бадӣ” (banality of evil) ёд кардааст. Барои Арендт, ки дар қазияи афсари яҳудитабори фашист Эйкман иштирок мекард, як чиз аҷиб намуд, ки чи хел як инсон метавонад худро инсони нурмол ҳис кардан, вақте дар атроф қатли омми мардум меравад. “Говӣ” ҳам ҳадду андоза дорад ва дар мавриди бетарафӣ ҳанӯз устод Рӯдакӣ гуфта буд:
Бӯи ҷигари сӯхта олам бигирифт,
Гар нашнидӣ зиҳи димоғе, ки турост!


ДАР МАМЛАКАТИ ХЕШ АГЕНТҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪРИХИ ХУД НЕСТЕМ

Ҳумайрои Бахтиёр: Баъзеҳо дар зиндагии шахсӣ беҳадаф ҳастанд, мақсад надоранд. Танҳо рӯз кӯр мекунанд. Ин ҳолат чӣ паёмад дорад?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Тавре дар боло зикр кардем, дар мо чарх дигар дар гардиш нест, қудрати воқеӣ шинохта нашудааст, ҳисси таърих гум шуда, ҷомеаи солим нест ва умуман дар як муҳити сарбаста зиндагӣ дорем. Дар ҷунин муҳит ҳадафҳои баланд пайдо намешаванд ва орзуҳо амалӣ намегарданд, ки ин мардумро ва бахусус ҷавононро дилшикаста мекунад. Ва ин боз боиси зуҳури падидаи дигаре ҳам ҳаст, ки шахсиятҳо ва пас ҷомеаро фаро гирифтааст. Дар куҳистон мафҳуме аст бо номи “дарбаста”, ки дар нисбати касоне истифода мешавад, ки аз хӯи бадашон мардум камтар бо онҳо муносибат ва рафту омад мекунанд ва муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии сарбаста ба пайдошудани шахсиятҳое “дарбаста” меорад. Дар куҳистон ин мафҳум маънии касодии маънавӣ, моддӣ ва инчунин радди маърака буданро дошт. Барои дар ин ҳолат набудан, инсон бояд қобили гуфтугӯ ва муносибат бо худ ва бо дигарон бошад, яъне соҳиби дониш ва таҷрибаи худӣ бошад то унсури озодӣ, ихтиёр, ирода ва қудрат ба ӯ имкони ин муносибати баробарро бо дигарон диҳанд. Моро лозим аст аз ин “муҳити сарбаста” ва ин ҳолати “дарбастагӣ” баромадан. Хулоса, дар минтақа ва муҳите, ки акнун зиндагӣ дорем бе иштироки мо таърихи нави дунё дорад шакл мегирад. Вале дар ин саҳна мо на бозингар ва на муаллифем ва ҳатто дар мамлакати хеш агентҳои фаъоли таърихи худ нестем. Пас роҳи халосии ин мардум, ки дар ин минтақаи пуреҳсоси таърихӣ зист доранд, худшиносии сиёсӣ, фикри таҳлилӣ-танқидӣ, баркандани ниқобҳои дуруғин ва махсус онҳое, ки вазифаи роҳбарӣ доранд аз худ гузаштан, ҷавобгариро дар баробари ҳақ ва халқ хис кардан ва ҳамоҳангӣ байни худӣ, қудрат ва ҳақиқатро ташкил кардан аст.

Ҳумайрои Бахтиёр: Дар сарчашмаҳо мардуми Тоҷикистон фарҳангӣ унвон мешаванд, аммо дар замони муосир инро мушохида намекунем...

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Бале, чунин буд ва ҳаст, вале имрӯз воқеан мардуме, ки фарҳангианд ва созанда гирифтори буҳрони давомдор, ки он худ буҳрони ҳуввияти Тоҷик ҳам ҳаст ва ба гуфти Мирзо Бедил дар “инҳисори ҷилва” ё “воқеияти гап” мондаанд. Ин воқеияти талхро шинохти ҳолати забон ва соҳибзабон дар Тоҷикистон ба хубӣ тасвир метавонад кардан, ки чӣ гуна мардуми фарҳангӣ гирифтори пардаи пиндор гаштаанд. Забон дар ин бозор бо қудрат наздикӣ дорад ва онҳое, ки дар сари қудратанд, аз забон сахт истифода мекунанд, то ҳамин гуна равишҳо ва бинишҳо биофаринанд. Онҳо ки дар сари қудратанд ҳарчанд меъморони асосии забон набошанд ҳам, чун соҳибқудратанд, метавонанд хидмати бузургеро барои он анҷом диҳанд ва шароити хуберо барои меъморони аслии забон, шоирон, нависандагон, олимон ва умуман барои халқи соҳибзабон муҳайё созанд. Манзурам ин нест, ки ин қабилаи сиёсатмадор, худ аз ин механизми забон, ки чунин воқеиятро меофаринад, огоҳие доранд. Онҳо огоҳӣ надоранд ва худ беихтиёр, вориди ин воқеиятанд ва аломат ва рамзҳоеро, ки боиси инкишофи фисқ ва фасод (corruption) мегарданд, чун тӯҳфае қабул мекунанд. Муҳимтар ин аст, ки дар ин воқеияти забонӣ ё метавон гуфт фарҳанг, забон пеш аз он ки маъниеро муайан кунад, онро барои касе (худи, шахсияте) муайян мекунад, яъне ҳар кӣ дар бораи чизе ҳарф бизанад, дар бораи худ ҳарф мезанад. Аз ин рӯ, шинохти сиёсатмадорони “гандумнамои ҷавфурӯш” барои онҳое, ки аз асли забон ва алоқаи он бо ҳастӣ ва воқеият огоҳанд, хело осон аст. Метавон гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон он мардуме, ки ба ин бозии забонӣ, бозии сиёсӣ, бозии ҳақиқатҷӯӣ дар ҷомеа дохил мешаванд, қисми зиёди онҳо дар эҷод шахсиятҳои ноқобил, дар сиёсат ҳез ва дар шинохти ҳақиқати қаринаи худ кӯр ҳастанд. Чиро ки имконияти шинохти воқеият ва зери шубҳа гузоштани арзишҳоеро надоранд, ки дар ин ҷомеа ба фисқу фасод ва касодии модди ва маънавӣ меоранд. Аз одамияти олишони ва хастагии ин халқ истифода карда, ин қабилаи сиёсатмадор, ба мустамлика кардани фикри онҳо машғуланд. Баъди чунин психотерапия мардум ба як ҳолати худғуломсозии дарунӣ (self orientalised situation) гирифтор мешаванд ва Худо ва худии худро гум мекунанд. Роҳи халосӣ аз ин махлуқи хориқулъодда (ҷаҳл дар ҷомеъа), ин дар ҷои худ гузоштан калимот ва гуфтан аст, ки ҳар як калима ва ҳар як маънӣ ҷои мувофиқу созгори худро дорад ва ин ҷо мардонагии ақлӣ ва ақли фаъол доштан лозим аст, то ки маъниҳо чунон ки ҳастанд, бо ҳарфҳо ва калимоти мувофиқ шарҳ дода шаванд. Ва ин руйдодро муҳаққиқи франсавӣ Боудлиард (Baudrillar, 1988:167) ҷойивазкунии воқеият (ҳақиқат) бо рамзҳои холӣ номида буд. Ва аҷибии кор ин аст, ки он қавм, ки ин воқеияти дурӯғинро дар Тоҷикистон офаридаанд, худ ҳам ба он бовар кардаанд.

Ҳумайрои Бахтиёр: Рӯзе савори таксӣ будем, таксиҳои ба қавле “3 сомонӣ”. Дар роҳи марказӣ нозири роҳ ронандаро нигоҳ дошт. Ронанда ҳам бо нороҳатӣ ҳамроҳи худ чанд сомонӣ гирифта, пиёда шуд. Ронанда бо зорӣ ба нозири роҳ пора медод, то хатсайрашро давом бидиҳад. Қаблан мардум бо як эҳсоси нороҳатӣ ба корманди давлатӣ ришва медоданд, ҳоло бо зорӣ? Чаро?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Ин нишонаи ба система табдил ёфтани фасод ва зиёдтар аз он ба тарзи ҳаёти Тоҷики табдил ёфтани он аст. Мутаассифона, ин рамзи ба охир расидани ҷомеаи донишбунёд ва қонунист. Дигар дар ҷомеае зист дорем, ки ҳудудҳои муаян кардаи Худованд дар бораи ҳалол ва ҳаром ва қонунро намешиносад. Ва ин худ аз сатҳи пасти фарҳангӣ мардум дарак медиҳад...

Ҳумайрои Бахтиёр: Ин барои мо хатарнок нест? Мардуме, ки дар бораи субот ва амният зиёд ҳарф мезананд, дар ин бора чӣ фикр доранд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода:
Ба фикрам асли хатар барои субот ва амнияти мардум ва давлат ҳаминҷост. Имрӯз дар ҳамин нуқтаи таърихӣ зиёд касоне ки дар бораи субот ва амнияти миллӣ ҳарф мезананд, мутаассифона асли хатар ба субот ва амнияти миллиро нашинохтаанд ва ё чашм мепӯшанд. Бале, субот ва амнияти миллӣ зарур аст, вале ин маънии ҳеҷ кор накардан, ва ба хусус ба фасод ва маризиҳои дигари “сиёсатмардон” чашм пӯшиданро надорад, ки ин худ асли хатар дар Тоҷикистон аст. Пеш аз ҳама ин хатар дар баробари созандагии давлату миллат аст ва дуюм ин ки ҷомеаро дар баробари ҳама гуна хатарҳои беруна осебпазир мекунад. Яъне ин буҳрони давомдор худ несткунандаи он унсурҳои зарурист, ки пеши ҳар гуна хатари берунаро гирифтан метавонанд. Бубинед, қисмати зиёди мардум бо сабаби аз маҳаллҳои дигар будан ва акнун бо сабаби қашшоқӣ дигар фарогири раванди созанда дар Тоҷикистон нестанд, чиро ки ин инчунин раванд вуҷуд надорад ва танҳо раванди “ҷомеаи сармоядори” сохтан барои гурӯҳе хурд дар авҷ аст. Ва ин қисмати зиёди берункардашуда дар воқеияти равонии пурхушунат зист доранд, ки ҳудуҳои ин воқеият дар кишварзҳои ҷангзада ба охир мерасад. Аз ин буҳрони давомдор ё ба таъбири Валтер Бенҷамин “ҳолати фавқулода”, ки дар Тоҷикистон ба шакли ҳаёт табдил ёфтааст, ҳар гуна манфиатҷӯи дихилӣ ва хориҷӣ хуб истифода кардан метавонанд. Воқеан, ин буҳрони давомдор роҳро на ба прогрес (созандагӣ, пешрафт, тараққӣ) балки ба регресс (қафомондагӣ, парокандагӣ) кушодааст...

(давом дорад)
Мӯҳр
Хамаи инро сабаб он аст,ки Мо миллат нестем..тудае махаллахо, оилахо, хамшахрию хамдехотием..
Масали олии ин дар ибораи хар як точик аст, ки вакте хамдехотии худро вохурад ба чои салом, мегуяд: ай ватано омади? Ватанода чи гап??
Махдудем.махалбозем,шахспарасту худшикану..худкуши бегонапарварем.

Ба фикрам "Боудлиард (Baudrillar, 1988:167)" иштибохи журналист аст. сухан аз Бодрийёр меравад

banality of evil = БАНАЛЬНОСТЬ ИЛИ ТРИВИАЛЬНОСТЬ ЗЛА = БЕАҲАММИЯТӢ Ё БЕЭЪТИБОРИИ ШАР (яъне нисбат ба бадкорию бадрафторию шайтанати инсонҳо беэътиноию бетарафӣ ихтиёр намудан). Ба ибораи дигар, ба падидаи маъмулии ҷомеъа табдил ёфтани фитнаву фиреб ва ҳар гуна бадӣ.

Меҳмоншоҳ - Ноам Хомскии тоҷик.

мехмон
Бисер файласуфона суханрони кардаед. Аз файласуфону бузургон мисолу андарзхо овардаед, аммо точиконро бо ягон миллат баробар ва мукоиса накардаед.
Мисоли одди мардуми Кореяи Чануби ё Малайзия ! Мо аз онхо чи ками дорем ? Бо адабиёти ба олам маъруфамон фахр мекунем тамом. Бинед ин мардумро чи хел пеш рафтаанд ! Илму прогрессор меомузанд. Точикон чи меомузанду ба чи кор машгуланд : ---факат ба маколанависи , танкидкуни, овозхониву артисти ва дигар корхои намешуд машгуланд. Олим гуфта ду се эшони аблахро меноманд , ки на аз илми дини Ислом хабар доранду на аз ахлоки инсони !
Тамоми хатмкунандагон орзуи прокурор, суд, гумрук шуданро доранд. Ягонтои онхо орзуи конструктор , физик , химик ё дигар сохаи илмро надоранд.

Ораш
Ташаккури зиёд ба устоди гиромӣ Меҳмоншоҳ Шарифзода, бениҳоят суханҳои ҳакимона, судбахш ва ба фоидаи миллату давлат, хеле маънӣ гирифтам, кош чунин абармардони донишманду сарсупурдаи фарҳангӣ ва бо иззату бошараф роҳбар мешуданд, бадбахтии номери яки тоҷик имрузхо маҳалгароии шадид ва беназири руирост аст, як гуруҳчаи ба ном роҳбар "тоҷик" дар мақомот солҳост, ки ҷавонони миллатдусту ватандустро бо ҳар баҳона танг карда ба нафақаҳои иҷборӣ гусел намуда танҳо худашонро "аллома" пиндошта хазинаи маълумот ва интеллекти ин ё он ниҳодро бо номи худ дар матбуот интишор намуда дағдаву ҳамҳама доранд, дар асл душмани ваҳдат, таърих ва миллати тоҷиканд. Мо аксарият тоҷикони хизматкарда бо иллати маҳалгароӣ дар авҷи камолоту соҳибтаҷрибагӣ дар хонаву кучаҳо бекору вилгардем. Мардонавор иқрор мешавам, ки баъди солиёни дароз ва пас аз террори олими зиндаёд Муҳаммад Сайфидинович Осимӣ донишманди забардасти тоҷикро дар симои Шарифзода М. дарёфтам. Зиҳӣ эй абармарди миллати тоҷик! Давоми матнро интизорем, Ҳумайроҷон.

Чиро матлаби фиристодаамро нашр намекунед? Ҳамеша муносибати Шумо бо банда чунин аст! Назархоҳиятон чӣ маънӣ дорад, нафаҳмидам?!

Хоркаш
Ин донишмандро то ҳол аъзои ҲНИТ ё ДИИШ эълон накардаанд?
Офарин ба ин мафкура! Лекин дар ин давлат мағзи мефаҳмидагӣ як тараф, ҳатто гӯши мешунавидагии ин ҳарфҳои шумо нест мутаассифона.
Кӯшиш кунед оқои Шарифзода ҳамин суханонатонро ба лексикони бозори Саховат (Корвон не, то он ҷо ҳоло хело вақт аст) ифода кунед, то шуморо ҳокимони давр фаҳманд.

Шаф- шафи зиеду ШАФТОЛУ гуфтан наметонед. Ин кадар сухпнони печ дар печ барои чй? Рахматии Асрорй зинда мебуданд (рухашон шод бод) "хара ханда буза бозй" мегуфтанд ба ин матни "бе сару дум".

САЛМОН
Ин худаш кию Точикистони азизро дар бораяш сухан карданаш чи кори худро карда Худо гуфта гард. Баъд ин Хумайрои Бахтиёр дигар кор надорад ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)