Бахшҳо

Посухи олимони тоҷик ба Қодиров: Хатари рахнашавии кӯли Сарез аз эҳтимол дур аст

Донишмандон ва коршиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар посух ба изҳороти ахири Равшан Қодиров, устоди донишкадаи сохтмону меъмории Тошканд дар мавриди кандашавии кӯли Сарез посух гуфтаанд.

Равшан Қодиров аснои суҳбат бо хабарнигорон дар сафорати Амрико дар Тошканд гуфтааст, касе мустаҳкамии банди табии кӯли Сарезро, ки 19 миллион тон об дорад, наметавонад дақиқ ҳисоб кунад ва кандашавии он метавонад қисмати бузурги Осиёи Миёнаро нобуд кунад. Аммо олимони тоҷик мегӯянд, давоми беш аз 100 сол сарбанди кӯли Сарез нисбат ба ҳодисаҳои гуногуни табиӣ устувории худро нигоҳ дошта, айни замон хатари ҷиддии рахна шудани он вуҷуд надорад.

Дар ин посух, ки бо имзои Юнус Мамадҷонов, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо ва Анатолий Ищук, мудири лабораторияи баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва геоэкологияву Раҳимҷон Ҷӯраев, мудири лабораторияи сейсмологияи минтақавии ин институт унвонии “Озодагон” ирсол шуд, гуфта мешавад, аксари коршиносон бар ин ақидаанд, ки сарбанди Усой устувор аст ва канда шудани сарбанди кӯли Сарез аз эҳтимол дур аст.

ШАРҲИ ДОНИШМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КӮЛИ САРЕЗ

“Кӯли Сарез соли 1911 дар натиҷаи заминҷунбии магнитудааш М=7,4 ҳангоми фурӯ рафтани қитъаи зиёди нишебии соҳили рости дарёи Мурғоб дар ҷои деҳаи пештараи Усой пайдо шудааст. Дар масофаи 4 км аз сарбанди бавуҷудомада 2,2 километри мукааб об ҷамъ гардид ва соли 1914 деҳаи Сарез зери об монд. Номи кӯл аз номи деҳаи Сарез гирифта шудааст. Аз рӯи гуфти шоҳидон заминларза дар ин мавзеъ тӯли як ҳафта идома ёфтааст.

Аксари коршиносон дар он ақидаанд, ки сарбанди Усой устувор аст ва канда шудани сарбанди кӯли Сарез аз эҳтимол дур аст.

Шурӯъ аз соли 2007 зери назорати Раёсати “Усой”-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ системаи назоратӣ ва огоҳонии пешакӣ дар сарбанди Усой ва дар водии Бартанг вобаста ба эҳтимолияти ҳамагуна оқибатҳои хатарноки кӯли Сарез амалӣ карда мешавад. Дар сарбанди Усой навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст, ки назорати ҳолати сарбанди кӯли Сарезро ба ӯҳда дорад. Маълумот аз ин система ба воситаи моҳвора ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Нишондиҳандаи асосии сарбанди Усой ченаки ҷараёни об аз кӯл аз ҳисоби полоиши он ба воситаи қисми болоии сарбанд ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми беруншавии об аз кӯл дар зимистон ва тобистон фарқ мекунад. Дар давраи тобистон аз ҳисоби обшавии пиряхҳо воридшавии об ба кӯл нисбат ба давраи зимистон 2 баробар зиёд аст. Ченкунии маҷрои оби кӯл ба таври шабонарӯзӣ дар пойгоҳи таҷҳизонидашудаи махсуси гидрологӣ, ки дар масофаи 1 км поён аз сарбанд ва дар деҳаи Барчадив (18 км дуртар аз сарбанд) ҷойгир шудаанд, гузаронида мешавад. Сатҳи оби кӯл ба таври автоматӣ низ чен карда мешавад.

7 декабри соли 2015 соати 12:50 (бо вақти маҳаллӣ) заминларзаи магнитудааш M = 7.2, рух дод, ки ба заминларзаи соли 1911 шабоҳат дошт. Маркази ин заминларза дар қисмати ҷанубии қаторкуҳи Музкол (қисмати шимолии кӯли Сарез) қарор дошт. Дар натиҷаи заминларза афтидани куҳпораҳои начандон калон ва резиши санг дар соҳили кӯли Сарез ба амал омада, сатҳи оби кӯл 40-50 см баланд шуд ва маҷрои беруншавии об аз кӯл зиёд гардид. Ҳодисаи мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки худи сарбанди кӯли Сарез ҷараёни обро идора мекунад ва дар натиҷаи заминларзаи рухдода сахтшавии иловагии сарбанд ба амал наомадааст, ки боиси паст шудани полоиши об ва баланд шудани сатҳи об гардад.

Баъд аз заминҷунбӣ дар давоми ду шабонарӯз тамоили пастшавии сатҳи оби кӯли Сарез ва камшавии ҷараёни об аз кӯл ба мушоҳида расид ва сатҳи кӯл ба ҳолати аввала баргашт. Айни замон сарбанди Усой дар ҳолати устувор қарор дорад ва хатари рахна шудани кӯли Сарез вуҷуд надорад.

Зикр намудан зарур аст, ки ба мақсади баҳодиҳии хатари сейсмикии кӯли Сарез аз ҷониби мутахассисони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол дар атрофи ин кӯл 8 адад пойгоҳи рақамии сейсмикии сайёри ҳозиразамон васл карда шудааст ва мониторинги муназзами кӯли Сарез амалӣ карда мешавад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)