Раҳимзода бо командири Пойгоҳи 201 ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро баррасӣ кардааст
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Денис Лямин, фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои торнамои вазорат, ин мулоқот имрӯз, 17 июн сурат пазируфта, дар он “масоили ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.
Манбаъ мегӯяд, Рамазон Раҳимзода гуфтааст, вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки дар ҳамоҳангсозӣ бо дигар мақомотҳо муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир иборат мебошад: “Командири Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия полковник Лямин Денис Игоревич дар навбати худ изҳор намуд, ки мо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиа ҳамкориҳои дуҷониба ва судмандро роҳандозӣ намудаем”.
Дар ин дидор ҷонибҳо барои тақвияти бештари ҳамкориҳо изҳори боварӣ намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |