Иҷозати вакилон барои додани милтиқ ба обуҳавошиносон ва пешгӯии гармӣ
Дар пайи дарёфти иҷозати вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои додани милтиқ ба обуҳавошиносон, Ҳомидҷон Расулзода, директори Агентии обуҳавошиносӣ пешгӯӣ кард, ки рӯзҳои наздик дар кишвар гарм хоҳанд буд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 17-уми июн ба қонун дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ тағйирот ворид намуданд, ки бар асоси он обуҳавошиносон бо силоҳи ғайринизомӣ таъмин хоҳанд шуд.
Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист зимни муаррифии лоиҳа гуфт, аз замони шӯравӣ то солҳои 92-юм иҷозат буд, ки обуҳавошиносон бароми амният бо худ яроқи ғайринизомӣ гиранд.
Ҳомидҷон Расулзода, директори Агентии обуҳавошиносӣ дар шарҳи лоиҳа афзуд, вақте кормандони ниҳодаш ба қуллаҳои баланду минтақаҳои дурдаст барои санҷишу ташхис мераванд, бояд бо худ яроқи ғайринизомӣ-милтиқи шикорӣ дошта бошанд. Расулзода изҳор дошт, ки милтиқ барои ҳимоят аз ҳар гуна хатарҳо, аз ҷумла ҳайвонот зарур аст ва талош мекунанд, ки обуҳавошиносонро инчунин бо таппончаҳои ҳушдордиҳанда таъмин кунанд.
Дар охир ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи обуҳаво дар рӯзҳои наздик Расулзода посух дод, ки гармӣ дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |