Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)
Ҳудуди 50 ҷавони тоҷик, имрӯз, 17-уми июн бо баргузории як ҷаласаи эътирозӣ вакилони Иттиҳоди Аврупоро ба “стандартҳои дугона” ва қасди ба хун кашидани Тоҷикистон муттаҳам карда, аз онҳо хостанд барои дидани воқеият ба Тоҷикистон биёянд.
Мардихудо Давлатов, ҷавони норозӣ аз ҳимояти Аврупо аз аъзои ҲНИТ таклифномаи ин гуруҳи ҷавононро қироат кард. Таклифномаи ҷавонон аз он оғоз шуд, ки чаро Аврупо муроҷиатҳои қаблияшонро дар мавриди Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон бепосух гузоштааст.
Ҷавонони норозӣ бо зикри гаштугузори озодонаи Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо таъкид кардаанд, ки зоҳиран вакилони аврупоӣ мехоҳанд Тоҷикистонро мисли дигар кишварҳои ҷангзада оғуштаи хун кунанд.
Муроҷиаткунандагон афзудаанд: “Муҳтарам вакилони Иттиҳоди Аврупо аъзои ҲНИТ, ки шумо барои раҳоияшон талош мекунед, бо ҳаракату беҳаракатии худ ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро пурра дастгирӣ карданд. Кӯшиши Аврупо барои раҳоии афроде, ки хун рехтанд, демократӣ будани кишварҳои Аврупоро зери суол мебарад”.
Инчунин ин гуруҳ аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не: “Боиси нигаронӣ аст, ки вакилони Аврупо ба гуфтаҳои бофтаи Муҳиддин Кабирӣ бовар доранду ба факту рақамҳои мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ не. Ин ҳаракати вакилони Аврупо аз нигоҳи мо “стандарти дугона”-ро мемонад, ки дар сухан зидди экстремизму терроризманду дар амал мақсаду мароми дигар доранд”.
Дар изҳороти ҷавонон омадааст, ки қазияи Бузургмеҳр Ёров ва Шуҳрат Қудратов ба фаъолияти касбии онҳо рабт надошта, ин вакилон бо сӯиистифода аз мақом маблағи мардуми камбизоатро гирифтаанд: “Агар ба низоми судии Тоҷикистон боварӣ набошад, пешниҳод мекунем, ки вакилони Аврупо биёянду бо ҷабрдидаҳо суҳбат кунанд”.
Аҳмадхуҷа Давлатов, яке аз саркардаҳои ин гуруҳ гуфт, таклифномаро ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо месупоранд: “Пешниҳод мекунем, бигзор вакилони парлумон биоянду воқеияти Тоҷикистон, озодию демократияро аз наздик баҳо диҳанд. Мо омодаем онҳоро қабул кунем ва бо тамоми табақаи аҳолии Тоҷикистон вохӯриҳои озодро анҷом диҳанд”.
Ин эътирози ҷавонон дар ҳолест, ки 7 июн 35 вакил аз Ҷиноҳи мардумӣ дар Парлумони Аврупо дар як қатънома бо ибрози ташвиши ҷиддӣ аз боздошти афзояндаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони давлату хешовандонашон ва маҳдудияти озодии баёну ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон, аз ҳуқумати кишвар раҳоии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва 12 узви дигари раёсати ҳизбро талаб карда буданд.
Ин қатъномаи Парлумони Аврупо дар Тоҷикистон вокунишҳои ҷидиеро ба бор оварда, баъзе аз чеҳраҳои илмии Тоҷикистон ба он посух ҳам доданд. Аз ҷумла Муҳаммад Абдураҳмон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқ ва Сайидмуродзода Лутфулло, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ ва демографии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо нашри як изҳорот қатъномаи Парлумони Аврупоро бепоя хонда буданд. Вакилони парлумони Аврупо дар қатъномаи худ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки зимни муҳокимаи чеҳраҳои сиёсӣ мувофиқи қонунҳои худи кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалиаш амал карда, мурофиаҳои сиёсиро шаффофу одилона барпо кунад ва иттиҳомоти зидди мухолифини сиёсиаш эълоншударо бо далелу бурҳони қотеъ собит намояд.
Ин 35 вакил гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром бигузорад. Порлумони Аврупо ҳамаи афроди боздоштшударо "маҳбусони сиёсӣ" номида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |