Шикоят аз “дарахтшиканӣ”-и хирс дар Муъминобод (ВИДЕО)
Шаҳобиддин Тоҷиддинов, як боғпарвар аз деҳаи Сайёди ноҳияи Муъминобод мегӯяд, бештар аз як ҳафта аст, ки хирсе дарахтони гелоси ӯро мешиканад.
Ба гуфтаи Тоҷиддинов, боғи ӯ дар наздикии ҷангал воқеъ аст ва ахиран ин ҳайвони ваҳшӣ даҳҳо бех дарахти гелосро шикастааст: “Солҳои пеш дар дарахтҳо латтапораи сафед овезон мекардем ва хирс ба он наздик намешуд. Аммо дигар ин усул фоида намекунад”.
Шаҳобиддин Тоҷиддинов мегӯяд, чанд шаб пайи ҳам боғро посбонӣ карданд, аммо хирс наомад: “Ба фикрам будани одамро ҳис мекунад ва намеояд. Шабе, ки набошем омада боз дарахтонро мешиканад”.
Ин сокини Муъминобод мегӯяд, ҳоло хирс танҳо ба боғи ӯ зарар расонда, хушбахтона то ҳавлии дигар сокинони деҳа нарафтааст.
Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон як хирс бо ду бачааш дар ноҳияи Дарвоз ба як сокини 40-cолаи деҳаи Зиғар ҳамла намуда, китфу шиками ӯро захмӣ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |