Убайдуллоев барои соҳаи нақлиёт раисони нав меҷӯяд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои роҳбарӣ дар умури нақлиёти пойтахт озмун эълон кардааст.
Тибқи қарори Убайдуллоев, барои ишғоли вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон" аз 15 июн то 15 июли соли 2016 озмун эълон шудааст: “Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва ё донишкадаҳои хориҷи кишварро хатм намуда, на кам аз 5 сол таҷрибаи кории роҳбарикунанда дар соҳаи нақлиёт дошта бошанд, афзалият дода мешавад”.
Инчунин барои ишғоли мансаби холии мудири шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе аз 16 июн то 16 июли соли 2016 озмун эълон намудааст: “Ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ё хориҷи кишварро бо ихтисоси ташкили ҳамлу нақл ва идора дар нақлиёт хатм намуда, таҷрибаи кории роҳбарикунанда на кам аз 7 сол аз рӯи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад”.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, довталабон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Эълони озмун барои интихоби раҳбарони нав дар соҳаи нақлиёти Душанбе дар ҳолест, ки қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев барои камбудиҳо дар умури мусофирбарӣ Абдулҳақ Алиев, директори Муассисаи давлатии комуналии "Душанбенақлиётхадамотрасон"-ро барканор карда, Ғаюрбек Искандаровро муваққатан ба курсии ӯ нишонд. Искандаров қаблан муовини аввали раиси корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон" буд.
Раиси шаҳри Душанбе дар гузашта барои ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи мусофирбарӣ, аз ҷумла аз байн бурдани "таксиҳои сесомонӣ" ба масъулин як моҳ муҳлат дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |