Бахшҳо
17 июн 2016 08:58Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Истиқболи Аврупо аз идеяи мактабхонҳои тоҷик барои сершир кардани говҳо

Се хонандаи мактаби байналмилалии Президентӣ ва 1 донишомӯзи литсейи шаҳри Турсунзода дар Аврупо усули зиёд намудани шир ва гӯшти говро муаррифӣ кардаанд.

Тавре аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар олимпиадаи байналмилалии «Устувории муҳити атроф» дар шаҳри Амстердами Ҳолланд аз фанни биология миёни хонандагон аз 50 давлат, лоиҳаи наврасони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифт.

Умедҷон Сафаров, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илм мегӯяд, моҳияти лоиҳаи пешниҳоднамудаи хонандагони тоҷик истифодаи самараноки поруи биологии кирми абрешим дар хоҷагии қишлоқ барои парвариши чорво ва зиёд кардани маҳсулнокӣ дар шири онҳо мебошад: “Лоиҳаи пешниҳодгашта муайян намуд, ки парвариши кирми абрешим на фақат барои коркард дар саноат, балки поруи биологии ихроҷнамудаи он низ барои таъмини ғизои чорво муфид будааст. Барои таҷриба панҷ сар гови ширдеҳ интихоб гардида, муддати ду рӯз ба онҳо ғизо-сабӯс ва коҳ дода шуд. Пас аз ташхиси сифати шир муддати ду рӯзи дигар ғизои онҳоро бо истифода аз поруи биологии ихроҷнамудаи кирми абрешим ва коҳ иваз намуда, бори дигар маҳсулнокии сифати шири чорво дар се шакл - зичӣ, туршӣ ва равғаннокӣ ташхис карда шуд. Ташхис нишон дод, ки дар лоиҳаи таҳиягашта самаранокии зичӣ, туршӣ ва болоравии равғаннокӣ дар шири чорво ба миқдори 5% зиёд гардидааст”.

Ба гуфтаи Сафаров таҷриба нишон дод, ки поруи биологии кирми абрешим на танҳо барои сифатнокии шири гов, балки барои фарбеҳкунии чорво ва гарм нигоҳ доштани бадани онҳо дар фасли сармо низ фоидаовар аст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини вазорати маориф ҳамасола садҳо тонна поруи биологии ихроҷнамудаи кирми абрешим ҳамчун ашёи нолозим партофта мешавад.

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳаи пешниҳоднамудаи хонандагони тоҷик аз тарафи олимони ҷаҳон дастгирӣ ёфта, барои истифода дар хоҷагии қишлоқи тамоми ҷаҳон тавсия дода шуд: “Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик - Фирдавс Содиқов ва Мавлон Асоев сазовори медали биринҷӣ гардида, Парчами Тоҷикистонро дар байни 50 давлати дунё баланд бардоштанд”.

Мӯҳр
оббо
Хаким акнун ин кадар поруи биологии кирми абрешим барои парвариши чорво унам барои гов ай чо меёвем?

Бадриддин
Офарин. Хурсанд мешавам дар хар давлате ки парчами Точикистон бардошта шаваду обруи точикон зиед шавад

Донишчу
оббо, Ба чои хурсанд шудан ки Точик ихтиро кардааст мазок мекуни.

5% хич чи не 50% мебуд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)