Раддабандӣ: Вазъи кӯдакҳои тоҷик аз узбаку қирғизу туркман беҳтар аст
Тоҷикистон дар раддабандии “Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2016” миёни 163 кишвар дар мақоми 57-ум қарор гирифтааст.
Ин раддабандӣ аз сӯи “Бунёди ҳуқуқи кӯдак” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам миёни кишварҳои узви СММ, ки қарордоди ҳуқуқи кӯдакро имзо кардаанд, гузаронида шудааст. Раддабандии мазкур дар ҳавзаҳои ҳуқуқ ба зиндагӣ, саломатӣ, маориф, ҳифз ва фаъол кардани муҳити зист барои кӯдак рӯи даст гирифта шудааст. Гузоришгарон мегӯянд, “кӯдакони осебпазир, аз он ҷумла кӯдакони гуреза, муҳоҷир, маълул ва кӯдакони хиёбониву бумӣ ҳанӯз ҳам ба таври густурда мавриди табъиз қарор мегиранд.”
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо омадан дар мақоми 32 пешсафи ин раддабандӣ мебошад. Ба ин тартиб Қирғизистон дар мақоми 67, Узбакистон 76 ва Туркманистон дар ҷойи 85 омадааст.
Кишварҳои Норвегия, Португалия, Исландия, Испания ва Швейтсария дар панҷгонаи аввали раддабандии ҳуқуқи кӯдак қарор гирифтаанд. Кишварҳои Чад, Вануату, Афғонистон ва Ҷумҳурии марказии Африқо дар охири ин раддабандӣ омадаанд.
Бунёди ҳуқуқи кӯдак аз тамоми кишварҳо даъват кардааст, ки “тамоми талош бояд бар он шавад, ки назар ва ҳуқуқи кӯдакон ба дурустӣ мавриди эҳтиром қарор бигирад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |