Обама дар бораи изҳороти Трамп ва ибораи “исломи ифротӣ”
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико Доналд Трампро муттаҳам кардааст, ки бо суханони зиддиисломиаш боиси ноамн шудани Амрико мешавад.
Доналд Трамп, номзади эҳтимолии ҷумҳурихоҳон дар вокуниш ба ҳамла ба клуби ҳамҷинсгароён изҳор дошт, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот аз вуруди мусулмонон ба Амрико ҷилавгирӣ мекунад. Ин номзади пешсаф аз Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон, номзади эҳтимолии демократҳо интиқод карда буд, дар вокуниш ба тирандозии Орландо аз ибораи “исломи ифротӣ” истифода накарданд. Аммо Барак Обама гуфта, Трамп бо ҳарфҳои зиддиисломӣ боиси ноамн шудани Амрико мешавад. Ба гуфтаи Обама, “ибораи исломи ифротӣ ҳеч қудрати ҷодуӣ надорад”, балки сабаб мешавад, то мусулмонон эҳсос кунанд, ки Амрико ба онҳо хиёнат мекунад.
Ӯ дар вокуниш ба ҳамла ба клуби ҳамҷинсгароён гуфтааст, дар Амрико ҳар кас метавонад ба силоҳ дастрасӣ пайдо кунад ва ба мардум дар мадраса, дар маҳалли ибодат ё дар бошгоҳи шабона тирандозӣ намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |