Ҳамоиши эътирозии ҷавонони тоҷик алайҳи қатъномаи Иттиҳоди Аврупо
Шуморе аз ҷавонони Тоҷикистон фардо соати 10:00 дар назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон алайҳи қатъномаи ахири Парлумони Аврупо ҳамоиши эътирозӣ баргузор мекунанд.
Аҳмадхуҷа Давлатов, яке аз мубтакирини ин ҳамоиши эътирозӣ ба “Озодагон” гуфт, ки ҷавонон аз тамоми манотиқи кишвар ҷамъ омада, аз мавзеъгирии ахири Иттиҳоди Аврупо дар баробари Тоҷикистон изҳори норозигӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Давлатов ин ҳамоиш бо ибтикори баъзе аз созмонҳои ҷавонон, аз ҷумла “Навоварони асри - 21” роҳандозӣ шудааст: "Шуморе аз ҷавонони манотиқи дигар ба Душанбе расидаанд ва қисми дигар дар роҳ ҳастанд".
Аҳмадхуҷа Давлатов афзуд, онҳо ба унвонии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нома ирсол кардаанд, то яке аз толорҳои Донишгоҳро дар ихтиёрашон гузорад, вале агар толор дастрас нашуд, онҳо дар назди бинои ин донишгоҳ посухи худро хоҳанд гуфт.
Рӯзи 7 июн 35 вакил аз Ҷиноҳи мардумӣ дар Парлумони Аврупо дар як қатънома бо ибрози ташвиши ҷиддӣ аз боздошти афзояндаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони давлату хешовандонашон ва маҳдудияти озодии баёну ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон, аз ҳуқумати кишвар раҳоии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва 12 узви дигари раёсати ҳизбро талаб карда буданд.
Ин қатъномаи Парлумони Аврупо дар Тоҷикистон вокунишҳои ҷидиеро ба бор оварда, баъзе аз чеҳраҳои илмии Тоҷикистон ба он посух ҳам доданд. Аз ҷумла Муҳаммад Абдураҳмон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқ ва Сайидмуродзода Лутфулло, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ ва демографии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо нашри як изҳорот қатъномаи Парлумони Аврупоро бепоя хонда буданд. Вакилони парлумони Аврупо дар қатъномаи худ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки зимни муҳокимаи чеҳраҳои сиёсӣ мувофиқи қонунҳои худи кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалиаш амал карда, мурофиаҳои сиёсиро шаффофу одилона барпо кунад ва иттиҳомоти зидди мухолифини сиёсиаш эълоншударо бо далелу бурҳони қотеъ собит намояд.
Ин 35 вакил гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром бигузорад. Порлумони Аврупо ҳамаи афроди боздоштшударо "маҳбусони сиёсӣ" номида буд.
Баъди судури ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар мавриди роҳбарият ва аъзои боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон як қатор созмонҳои байналмилалӣ онро маҳкум намуда буданд. Чанде пештар Иттиҳодияи Аврупо низ аз таъқибу ҳабси мухолифини сиёсӣ ва наздикону вакилони онҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, аз ҳукумат хост, ки гузоришҳо дар бораи шиканҷаи шудани маҳбусони сиёсиро ба сурати фарогир тафтиш кунад. Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки гузоришҳо дар бораи шиканҷа шудани маҳбусони сиёсиро тафтиш ва фишор ба хабарнигорон ва таҷрибаи бастани сомонаҳои хабариро бас кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |