8 моҳ ҳабси Нигора барои ҷалби духтарони тоҷику узбак ба фоҳишагӣ (ВИДЕО)
Додгоҳи ноҳияи Коминтернови шаҳри Воронеж 15-уми июн Нигора Сотиболдиева, шаҳрванди 34-солаи Узбакистонро барои ташкили фоҳишахона ба 8 моҳи зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилоияи додситонии Воронеж Нигора як хона дар ноҳияи Коминтерновро ба иҷора гирифта, бо ҷалби духтарон аз Узбакистону Тоҷикистон барои муҳоҷирони корӣ фоҳишахона ташкил намудааст: “Ба духтарҳо хона ва пули зиёдро ваъда карда, изҳор доштааст, ки амнияти онҳоро таъмин мекунад”.
Фоҳишахонаи маҳкумшуда 11-уми апрели соли равон аз ҷониби мақомоти пулиси Воронеж ошкор шудааст.
Додситонӣ мегӯяд, барои нигоҳдории фоҳишахона ба Нигора то 5 соли зиндон таҳдид мекард, аммо додрас бо назардошти модари маъюб ва се фарзанди ноболиғи муттаҳам ба ӯ 8 моҳи зиндон таъин кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |