Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод (АКС)

Маросими видоъ бо Шарифи Мисайзод, рӯзноманигори варзидаи тоҷик дар назди манзилаш, воқеъ дар хиёбони Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар ин маросим аз Мисайзод ба унвони яке аз сарсупурдаҳои журналистикаи даврони истиқлоли Тоҷикистон ном бурда шуд.
Шарифи Мисайзод субҳи имрӯз, 16 июн дар синни 50 бар асари бемори қалб дар манзилаш даргузашт.
Зинаттулоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон марги Шарифи Мисайзодро талафоти бузурге барои ҷомеаи журналистии тоҷик унвон кард. Исмоилзода аз Мисайзод ба унвони яке аз пуркортарин журналистони риштаи радиои Тоҷикистон ном бурд ва гуфт, “ӯ дар журналистикаи радиоӣ таҷрибаи гузоришгарии сайёрро хеле рушд дод”.
Сайёфи Мизроб, рӯзноманигор ва дӯсту ҳамсабақи Шарифи Мисайзод гуфт, ӯ дар хатарноктарин давраи журналистикаи тоҷик – солҳои 90-уми қарни сипаришуда вориди журналистика шуд ва то охирин даврони умри худ ба касб ва рисолати журналистӣ содиқ монд.
Шарифи Мисайзод 6 январи соли 1966 ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили факултаи филологияи тоҷик (шӯъбаи журналистика)-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 1990 мебошад. Фаъолияти кориро соли 1992 аз идораи Ахбори радиои “Тоҷикистон” шурӯъ карда, яке аз масъулини барномаи машҳури “Хоки Ватан” дониста мешавад.
Солҳои охир аз хабарнигорони фаъоли радиои "Садои Душанбе" буд. Ӯ машқи шеър ҳам мекард ва навиштаҳояш бо тахаллуси Шайдо дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |