Фатво: Мондани пул дар бонк дурусту гирифтани фоизаш не
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гузоштани пасандоз дар бонкро дуруст, аммо гирифтани фоизи бонкӣ аз пасандозро нодуруст хондааст.
Ин ниҳод дар посух ба суоли Баҳодур, як корбари сомонаи Шӯрои уламо, ки “оё фоизе, ки аз бонк мегиранд дуруст аст ё на”, чунин гуфтааст: “Мондани маблағ дар бонк ҷоиз аст, чунки ҷои амн ба шумор меравад, аммо фоидаи онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз қабили ятимхона, хонаи пиронсолон ва ғайра сарф бояд намуд”.
Шӯрои уламо шарҳ додааст, ки ки протсент бо насси Қуръон ҳаром аст ва ҳеч олиме дар ҳаром будани он ихтилоф надорад, чунки ин масъала бо ояти муфассари Қуръон собит шудааст: “Аммо дар як сурат иҷозат аст, яъне шумо дар ҳолати сахти зарурат қарор доред ва ғайр аз ин дигар роҳе надоред. Он ҳам ба қадри зарурат бояд гирифт, на мисли касоне, ки бо протсент қарз мегиранду тиҷорат мекунанд, зеро ин амали онҳо рибо ва ҳаром аст. Дар ин масъала эҳтиёт кардан бениҳоят зарурист ва бояд ин масъаларо хуб дарк кард. Хулоса барои он шахсе, ки хеле муҳтоҷ аст ва ғайр аз ин роҳе надорад, иҷозат аст”.
Ин ниҳод аз қавли Аллома Ибни Нуҷайм овардааст, ки “барои шахси муҳтоҷ ва ниёзманд ҷоиз аст, ки ба ивази фоида қарз гирад” ва далели ин фатвояшро китоби “Ал-ашбоҳ ван-назоир” нишон додаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |